ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Дар зулумот тарк кунад эшон чу нур
Баргирад аз байни онон вақти зӯр.
Мисли кару мисли гунгу мисли кӯр,
Ҳеҷ набинад вақти таркаш хоназӯр.
Хуб, зи дуввум Сурае хондем чанд,
Гашта хонем Сураи “Иқраъ”, ба банд.
Бори савум аз камар афшурду гуфт:
Хон ба номи он Худоят, чунки гуфт:
Халқ бикардам ман турову бин, зи хун
Офаридам ҷинси Одам, ай фузун.
Он чиро, ки ӯ надонист, бо қалам
Илм бидодам, фаҳмише аз шоду ғам.
То тавонад фарқ кунад аҳволи худ,
То кунад қасди савоб он аҳли ҷуд.
Ин бувад қасди қироъат аз Қуръон,
То шавем ҳушёру огаҳ з-ину он.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
таъоҳаду Қуръона”, яъне, дӯстам, “... аз Қуръон мувозабат кунед”.
Яъне, дӯстам, ҳамвора онро тиловат кунед ва ин ҳамворагӣ бо саъю кӯшиши махсус ва боаҳамият бошад, бо як дили пур ва ҳолати мувозин бошад, бо як муҳаббати хосса ва иштиёқи беандоза бошад, бо як ҳиммати олӣ ва хостаи дил бошад, бо як таровати тоза ва андозаи басорат бошад, бо як ҷаҳди алоҳида ва талаби аз дил чакида бошад ва ҳоказову ҳоказо.
Ин кори дар хуну дида ихтисос то он андоза афзояд, ки пайваставу доимӣ ва поянда бошад вагарна халал дар ин кор сабаби баъидӣ аз алфози Худованд гардад ва чун меҳр дар чашм аст, нопояндагии он, воситаи дур шудани он меҳр гардад, ки нишонаҳои бардошта шудани Қуръону меҳр аз байн, аз нишонаҳои қоим гаштани Қиёмат аст ва сифла гаштани маданияту зулмоти ҷаҳл аст, ки тири шайтону шаётин аст.
Пайвастагиву ҳамворагӣ ёди нек аст, аз лаҳазоти фуруд омадани Ояти аввалин, ки бо фазлу марҳамати Эзид, ба хондану такрор намудани нозироту башорот, таъкидоту ақоид ва даъват ба роҳи росту ба Дору-л-амн аст, ки он ҳам тавассути илму ақл, ба кор ояд ва ин ёди нек аст аз шаби қадр, ки Худованди азза ва ҷалла ин лаҳзаро, ин бандаро қадр намуда, бо фармони “... иқраъ!”, яъне “Бихон!” фармуданаш, инсонро ба илму баракот роҳибу роғиб бигардонид ва илму фарҳангу маданияту одоби волоро қадру мақомашро боло ҷой дод.
Худо, албатта, беҳтар ва бештар медонад!
……….

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё