ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

……….
- Оид ба масоили паноҳ ҷустан аз Худованд аз зарари балоҳову офоту ҳоказо.
Ғайри истисно, чу гуфтӣ, он бало
Мезанад чун хор ба поят, ай фато.
Мекунад хунолуду баъдтар бурун
Рим зи он ояд бурун бо заҳри хун.
Қисме аз он гирд занад андар бадан,
Кори узвон фаҷ шавад аз заҳри лаън.
Гӯшт гирад ранги кабуду бӯй зи он
Мерасад бар бинии кулли муғон.
Ҷуз мабошад чорае буриданаш,
Кам шавад гӯшти бадан аз он танаш.
Нуқси ҷисмӣ чун шавад дар вай аён,
Кам гирад мардум чу фоида дар миён.
Лек, агар мегуфт “... аъузу мин бало”
Шояд он ки гум намекард ҳар ду по?
Шояд он ки он Худо раҳмаш бикард,
Кам зиён медид, намешуд ҳамчу тард?
Ҳар балову офате санҷиш чу шуд,
Дидани ону чашидан ҳатмӣ шуд.
З-он фирор ҷустан зи кори аҳмақист,
Аз нишони заъфи имони шақист.
Гарчи бошад диданӣ, бинӣ варо,
Имтиҳон дар ону он ҳам з-он Худо.
Лек, Худо хоҳад, агар ҷӯем паноҳ,
Хуб кунем, хайр аст дар он, на иштибоҳ.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
таъоввазу би-л-лоҳи мин ҷаҳди ал-балоъи”, яъне, дӯстам, “... аз гирифторӣ ба Худо паноҳ бибаред”.
Дунё пур аз фитнаву фитнаангез асту ин он қадаре, ки дар пешомади пешойинаи мо набишта шудаву диданист, ҳамагӣ воҷиб асту аз он роҳи гурез нест ва инсон бояд ин ҳама санҷишҳои Худовандро бигзарад, сабр бар додаву надода бикунад ва тоқати вазнинии онро дошта бошад, дӯстам.
Дар Ояте омад: “... ва ланаблуваннакум би-шайъин”, яъне, Худованд инсонро бо чизҳое меозмояд; касеро бо маризӣ, дигареро бо камбизоъатӣ, севумро бо қаҳтиву нодорӣ, чаҳорумро бо давлату амволу ҳоказо.
Коре нест дар қадари мо, ки санҷиш мабошад ва воситаҳои санҷиш низ ҳар
гунаву иҷрокунандаҳои он, низ ҳар гунаанд ва дар ҳама ҳолот, чун Паёмбари акрам (с.а.в.) фармуда, инсон бояд аз Худованди карим паноҳ биталабад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё