Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мумкин аст, албатта, баъде чанде омада, узр пурсад, вале ҷароҳат то он вақт боз ҳам калонтар мегардад, алам боз ҳам бузургтар мегардад.

Инсон бояд як чизро хуб дар ёд дошта бошад, ки ҳама нороҳативу дарди дилу гумони худро дар ҷояш ҳал кунад, вагарна ин ба мисли кори ғайбат аст, ки на дар рӯи дигар чизеро гуфт, балки, аз ақибаш онро раво дид ва ин гуноҳ аст.

……….

  1. Оид ба масоили иблоғ намудан ба мардум аз ҷониби Паёмбари акрам
    (с.а.в.)

Баллиғу, ё умматӣ, ъаннӣ қивол,
Кона лав воҳид Оят мин Ҷамол.
Л-аннаҳо хайран ли кулли муслимин,
Ли-алло ҳум йасиру муҷримин.
Йуҷаду ҳатто тариқ ҳум ас-саҳеҳ,
Суккарун мин милҳ савфа ас-сареҳ.
Хуб, чу гуфтем, ширу шаккар бо араб,
Низ бубин гӯем чиро бо ин сабаб.
Он, ки донад, лек магӯяд, саҳв кунад,
Бебаҳо канзро уболу маҳв кунад.
Шарти муслим ин бувад аз қавли Ӯ,
Гуфта бошад мардумашро, ай абу.
Ин закот аст, аз закоти олимон,
То ки гӯянд мафҳуме бар мардумон.
Он ки донад, лек нагӯяд, ӯст бахил,
Монда гардад яккахӯр андар сабил.
Хор кунад бухлаш касеро, к-ӯ нагуфт
Гӯр кунад охир варо, он чи нуҳуфт.
Гар сухан нек бошаду ҳолат гувор,
Бояд он ки гуфта бошад марди кор.
Гар сухан огаҳ кунад аз рӯзи сахт,
Бояд он ки гуфта бошад марди бахт.
Боиси баргашт бигардад гар сухан,
Соҳиби давлат бигардад он ҳасан.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
баллиғу ъаннӣ ва лав оятан”, яъне, дӯстам, “... аз тарафи ман ба мардум иблоғ кунед, агарчи як оят (ҳам) бошад”.

Бале, дӯстам, Паёмбари азизи мо, Муҳаммад (с.а.в.) чун дар аксар Оятҳои Қуръони карим омада, рисолате бар дӯши худ дошт, ки чун Худованд фармуда:
“... баширан ва назиран”, яъне, аз башорат додану огаҳ намудан иборат будааст ва зиёда аз он, Худованд Паёмбари акрамро таҳмил накардааст ва ҳатто, агар насиҳате карда бошаду касе онро нодида гирад, дар он рӯз, чун Худованд фармуда: “...

пешина
аз 131
навбатӣ