ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

ва ло тусъалуна ъаммо кону йаъмалуна”, яъне, на ӯ аз кардаи онҳо, ки сазовори оташи Дӯзах мегарданд ва на аз каси дигар чизе пурсида мешавад ва ӯро масъули амали онҳо намегардонад.
Хуб, пас, иблоғ чисту чӣ бояд бо он кард? Ва оё иблоғ намудан аз ҷониби
Паёмбари акрам (с.а.в.) дуруст аст?
Бале, иблоғ намудан ба мардум аз тарафи Паёмбар (с.а.в.), чун дар ин ҳадис омада, мутлақо дуруст асту иҷозат низ шудааст.
Иблоғ (таблиғ намудан) бошад, - калимаи арабиву маънияш, чун дар фарҳанг омада: “... хабар додан, огоҳ кардан, расонидани паём ба касе” ва ҳоказост. Ва чун дар ин ҳадис омада, мусалмони комил, ки худро аз умматони Паёмбари акрам (с.а.в.) ҳисоб мекунад, бояд он ки як Ояте бошад ҳам, онро аз ҷониби он Ҳазрат ба мардум бирасонад.
Ва ин, дӯстам, на танҳо суннати волост, балки, аз фароизи Худованди карим аст, ки саросар дар Қуръони карим инсонро водор мекунад, ки сухани некро ба мардум бирасонанд.
……….
- Оид ба масоили арзонии вақт ва кифояти он ва имконоте, ки дар ҳар сонияе мавҷуд аст.
Вақт ғанимат дон, чу неъмат, ай фулон,
Ҳад дорад, беканор нест ҷумлай он.
Чун равад вақт ақрабак н-ояд ақиб,
Вақт шавад шоҳиду душман чун рақиб.
Мисли об аст, чун равад аз каф ба хок,
Аз гиле макидани обат чӣ бок?
З-ин сабаб Эзид кунад таъкид, бибин:
“... куллу йаҷрӣ...” то аҷал, ай аҳли дин.
Чун мусаммост вақту дар он шуд зуҳур,
Маъниро дар он бибин, ай аҳли нур.
Сония гарчи бибошад, неъмат аст,
В-инчунин он аз Худо, беминнат аст.
Мо дигар дар ин мисол кӯтаҳ кунем,
Дидаро бар он ҳадисаш раҳ кунем.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
байна кулли азонайни салотун”, яъне, дӯстам, “... байни ҳар азону иқома,
намозе вуҷуд дорад”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё