Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Инчуниноро бигӯянд: “Ронда шуд
Аз ину ин ҷо...”, - бибин, “... бозмонда шуд.”
Он касе, ки байни нафсу он Худо
Медавад, гардад зи меҳри Ӯ ҷудо.
Бин, чӣ шуд бо он, ки нафсро интихоб
Карда буд? – Гашт маҳз дуояш мустаҷоб.
Ронда шуд аз даргаҳи Ҳақ, чунки худ
Гуфта буд “Ронам ман ӯро...” он ануд.
Чун Худо “дурӯя” нест, кард мустаҷоб,
Ронд ӯро аз бару аз аҳли боб.
Бин, чӣ гӯяд нисбати ин Мустафо
В-ончи ӯ гуфт, ҳарф бишуд аз он Худо:
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
таҷидуна шарра ан-носи за-л-ваҷҳайни ал-лазӣ йаътӣ ҳоулои би-ваҷҳин ва йаътӣ ҳоулои би-ваҷҳин”, яъне, дӯстам, “... бадтарини мардум инсони дурӯяе аст, ки бо як чеҳра наздики гурӯҳе ва бо чеҳраи дигар наздики гурӯҳи дигаре меравад”.

Бадтарин, бале, бадтарин ашхосанд “дурӯяҳо”, ки ба чашмонат нигоҳа карда истода, як чизеро мегӯянду мекунанд ва пас, чун ҳамон дам, вақте ки пушташонро мегардонанд, тамоман кори дигареро ба анҷом мерасонанд.

Мисли ононанд, ки даст бар сина, гӯиё он ки таъзиму иззат намуда салом мегӯянд, вале зери лаб тамоман қасди дигар мекунанд ва зери ҷома, кордеро мунтазири кашидану ба пушт заданро доранд.

Душманони асиланд ин палидон бар дӯстону ҳатто, бар душманони худ, чунки бо ана ҳамон суръату тарз, ки туро ба душманонат мефурӯшанд, душманонро низ рӯзе бар душманони онҳо хоҳанд фурӯхт.

Дар Ояти карима омада: “... кабура мақтан ъинда-л-лоҳи...”, яъне, он ашхосе,
ки мегӯянду аз рӯи он амал намекунанд, яъне, худ онро намекунанд,
нописанданд дар назди Худованди карим.

……….

  1. Оид ба масоили фасх намудани савдо.

Рӯзе аз рӯзҳо ба сӯи кони гӯшт,
Шуд равон як марди аз афт, - кӯзапушт.
Назди қассоб омаду гуфт: Баркаш
Камтаре аз гӯшти гӯсфанд з-ин бараш.
Пеш аз он, ки теғ занад бар қисми по-ш, Аз харидор ӯ бипурсид: Аз куҷо-ш?

пешина
аз 131
навбатӣ