Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аслан, агар жарфан болои ҳар як Ояти нозил шуда фикр кунем, пас, мантиқ ва ё тобиши дигаре аз ҷаҳони маънавии он пайдо хоҳем кард.

Мисол, чун Худованд фармудааст: “... фа ман йаъмал мисқола зарратин хайран, йараҳу”, яъне, он касе, ки ба андозаи кӯчак (хурд) некӣ карда бошад, пас, ҳатман мебинад онро (яъне, мукофоти онро) ва дар ин ҷо сухан на танҳо оид ба ногузир будани аҷру мукофот аст, балки оид ба масоили андоза низ аст, ки адолати навиштаҳои моро дар боло исбот мекунад.

Яъне, кӯчактарин некӣ метавонад кӯчактарин мукофотро ба байн орад; бузургтарин некӣ, бузургтаринашро ва ҳоказо.

Вале дар кори натоиҷи мукофот бошад, чун ниҳояти он Ҷаннат агар бошад, “кӯчаку бузургӣ” вуҷуд надорад: некӣ некисту мукофоташ Ҷаннат аст.

Албатта, Худованди ҳаким бештару беҳтар медонад.

……….

  1. Оид ба масоили дурӯягии баъзе аз ашхос, ки аз аъмоли бад маҳсуб аст.

Гарчи ду чашму лабону гӯш низ
Дар табақ оянд, ҳаме ҷамъ, ай азиз.
Ду рухе дар ҷанбаҳои ду футур
Биние оянд, бибин, дар рӯйи ҳур.
Гарчи ҷуфтанд қошу фарқҳо, аз азал,
Рӯи як рӯ маҳшаранд дар ин масал.
Мардуме низ гӯяд вақти ҳар никоҳ:
“Бипазед бо рӯйи як дар ин саро!
З-ин гиребон сар бароред ҳамчу тоқ,
Бахт биҷӯед, як бигардед, на фироқ...”
Хуб, чу гуфтем, доштани як рӯй хуб аст,
В-он, ки ин дошт, пеши Маҳбуб маҳбуб аст.
Гарчи ояд ин аломат дар касе,
Дон, ки бошад ӯ на кас, бал нокасе.
Нописанд аст ин амал дар назди Ҳақ,
Вай писанд дорад хубонро, на ки шақ.
Рӯи нон гар ду биояд дар танӯр,
Он яке маҳрум шавад аз меҳри нур.
Хом бимонад рӯсапед дар қаъри нор,
Гарчи бошад бар пазиш муштоқу зор.
Кори дурӯ ҳамчунин монад хом, Гар давад ӯ ду тараф бо макри ном.

пешина
аз 131
навбатӣ