ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

ва аввалин пурсиш дар Рӯзи қиёмат ана аз ҳамин ифтитоҳ хоҳад ёфт, ки ҳукми он басо ногувор аст.
……….
- Оид ба масоили парҳез намудан аз эҷод кардани монеъаҳо дар роҳ.
Пирро дидам, ки ҳар гоҳ зери лаб Роҳи ростро аз Худо мекард талаб.
“... эҳдино, ё Раб, сирота-л-мустақим!” Буд шиори он рашиди бас саҳим.
Ҳар саҳар пеш аз намозу вақти он, Роҳи ростро хоста буд аз Мустаъон.
Тули ҳар рӯз, вақту бевақт ин рашид, Истиқом мекард талаб аз он Мазид.
Вақти хоб низ, чун пинак дар кӯфта буд, “... эҳдино!” ин пири мо бас гуфта буд.
Хуб, чу як рӯз ким-куҷо шуд раҳсипор, Як ҷавон шуд маслаки ин марди кор.
Ҳар даме пир “... эҳдино” мегуфту вай Ҳамчу мор мегашт фитан бар савти най.
Оқибат, чун сабри ӯ аз коса рехт, Орди ақлаш реза гашт, охир бибехт.
Сабр фурӯ рехт аз дилу дар зери по Ногувор аз дасти ҷаҳл шуд ҷо ба ҷо.
Марди пир бар рӯи вай карда нигоҳ, Инчунин гуфт бобати ин як мубоҳ.
Гуфт агарчи дар раҳем аз роҳ хабар Мо надорем, ай ҷавон, аз ҳар хатар.
Фарзи мо ин аст, ки гӯё рост ин аст, Чунки даст низ каҷҷу лек дар остин аст.
Чун кунӣ луч дасти худ то бозувон, Шаш буғуми каҷ шумурдӣ андар он.
Лек чу остин пӯшад ин ҳар бастаро, Ноаён гардад дарун каҷдастаро.
Нур ало нур асту роҳҳост дар он, Мисли остин роҳу бастҳо андар он.
З-ин сабаб бояд бипурсӣ роҳи рост, То расӣ бар манзилат пур, на ки кост.
Имтиҳон дар имтиҳону роҳгузар, Чор тараф қиблай, валекин ногузар.
Чун кунад роҳатро Эзид пок зи бим, “... эҳдино, ё Раб!” бигӯ бар мустақим.
...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё