Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гарчи каждум неш мазад бар пои ту,
Неш буридан манъ бувад аз пои ӯ.
Чунки, неш дар кори ризқ ояд ба кор,
Гар занӣ сар, гардад ӯ бас нобакор.
Аз куҷо сайд мекунад ӯ ризқи худ,
Гар задӣ сар неши ӯро аз вуҷуд?!
Аз куҷо бар тифли худ ӯ ризқ барад,
Гар задӣ сар неши ӯро бо лағад?!
Чун агар каждум бимонд аз неш, бин,
Зуд ҳалок гардад зи дасти ону ин.
Бин, чӣ гардад ҳоли занбӯри асал,
Гар газад ояд ба наздаш он аҷал.
Сад масал овард муршид дар ҷавоб,
Дар ахир гуфт ӯ “... аълам би-с-савоб!”
Пас, ту низ, ай дӯст, зи куштан даст бикаш,
Кори мо ин нест чу кораш кашмакаш.
Гар бирезӣ бегуноҳро хун, бидон,
Рӯзи охир масъуле гардӣ бар он.
Чунки аввал аз хуни рехта Худо
Мекунад пурсиш дар он рӯз Ӯ зи мо.
Ӯ зи “... мавъуда” бипурсад аз чӣ кор
Мар туро кушт, махлуқамро, нобакор?
Ҳаққи ӯро ӯ зи қотил мегирад,
Қотилонро сӯи Дӯзах мебарад.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
аввалу мо йуқзо байна-н-носи фӣ ад-димоъӣ”, яъне, дӯстам, “... аввалин файсалае, ки дар миёни инсонҳо сурат мегирад, дар мавриди хунҳо аст.”, яъне, аввалин пурсише, ки дар Рӯзи қиёмат байни инсонҳо сурат мегирад, аз қатлу хунҳои рехта аст.

Ҳамчунин ҳам ҳаст, дӯстам, ки инсон офаридаи Худованд асту он дигар махлуқон низ офаридаҳои Худованданд ва бе ҳеҷ як сабаб хатаре бар ҷон, куштани ин ва ё он ҷонварон низ манъ шудааст, вале ин ҳадис бештар ба инсонҳо дахл дорад, ки нотарсида, бе ҳеҷ як фикру оқибандешӣ хуни якдигарро мерезанду якдигарро ба қатл мерасонанд.

Куштани шахс ин як куштан ва ё нобуд кардан ва ё аз байн бурдани як шахси “нобоб” нест, балки ба охир расонидани ҳаёти вай аст, вале инсон, ки зистану мурданро наофаридааст, ҷонро, ки Худованд соҳиби мутлақи он аст, ба тан ҷо накардааст, ризқи ӯро нарасонидааст, чӣ ҳуқуқ дорад, ки як тани зиндаро, як бандаи Худовандро, як офаридаи Худовандро ба қатл расонад?

Аз ин сабаб, чун куштан, яъне қатл намудан, яъне беҷон кардани як ҷонвари
бегуноҳ худ як гуноҳи азим аст, қатъиян дар дини мубини Ислом манъ шудааст

пешина
аз 131
навбатӣ