Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
ийёкум ва-л-ҷулуса ъала ат-туруқот”, яъне, дӯстам, “... аз нишастан дар муъобири умумӣ парҳез кунед”

Яъне, дӯстам, чун “туруқ” ва ё “туруқот” ҷамъи “тариқ”, яъне “роҳу роҳгузар” аст, пас, бо ин васияти худ, Паёмбари акрам, Муҳаммад (с.а.в.) мусалмононро парҳез аз нишастани бесабаб дар муобир, яъне, убургоҳ ва ё эҷоди монеъаҳо дар роҳи дигарон, даъват мекунад.

Бесабаб нест, ки чунин як хислат аз нишонаҳои бахиливу ҳасад аст, чунки шахсе, ки аз пешрафти дигарон нороҳат мегардад, пас, ба ҳар баҳона дар роҳи онҳо хорҳои бухлу хусумату ҳасадро мекорад ва садди роҳи онҳо мегардад.

Албатта, баргирифта аз маънии асосии ин ҳадис, сухан оид ба ҷаласаҳо дар намозу ҳалқаҳои илмӣ, ки дар он яке метавонад баҳрае барои худ бардошта бошад, рафта истодааст, вале ба ҳар ҳол, умуман, сухан оид ба парҳез намудан аз аъмоли ношоистаи ҳасудон аст, ки дар ҳар муомала, мушкилиҳоро эҷод мекунанд.

Акси ин амал, беҳтарин аз аъмол, ки нишонаи имони мукаммали мусалмон аст, ин дур кардани ҳар гуна мушкилиҳо аз “роҳ” будааст, яъне, мисол, вақте ки инсон аз қади роҳ сангеро, ки метавонад садди роҳи раҳгузар бошад ва ё сабаби ҷароҳат бардоштани инсон гардад, аз роҳ дур кунад. Ин кор дар дини мубини Ислом ҳам ҷоизу ҳам савоб аст.

……….

  1. Оид ба масоили парҳез намудан аз гумони бад.

То надидӣ, ту мабар аз кас гумон,
Чунки, бошад он маводи ҷоҳилон.
То наояд дузд ба дастат, дузд магӯ,
Чизеро бо чашми пӯшида маҷӯ.
Кас хато ояд чу ду чашм кӯр бувад,
Чун магас дар дасти вай занбӯр бувад.
Пойи фил ояд дар оғӯш мисли мех,
Гар биҷунбад, ҷон барад аз тан зи бех.
Думи шер дар дасти кӯр арғамчин аст,
Он чи кин дорад, дар асл, он пуркин аст.
З-ин бувад, кӯрон баранд дар кор гумон,
Оқибат, дандон(ш) газад дар даҳн забон.
Кори зоннӣ оқибат расво шавад,
З-оташи нор ғӯрааш ҳалво шавад.
...

пешина
аз 131
навбатӣ