Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чун ин шарт мутлақу мубдаъ шуд, қазовати он номаъқул аст, чун ғояи асосии Ислом дар он аст, ки “... ҳува-л-лоҳу аҳад”-у “... ло шарика лаҳу” аст, яъне, Худованд ягонаву бемисл аст ва ӯро шарике нест ва аз ин сабаб, ин дархости эшон рад, бо чунин як изҳороти қавӣ, яъне “... лакум динукум ва лийа дин” мегардад, яъне, “... шуморо дини худу маро дини худ аст”.

Сипас, дӯстам, дар кори назри муъминону мусалмонон низ ҳамин шарт аст, ки мабодо касе кореро аз аркони мубин барои хотири “байъ”, яъне, “хариду фурӯш” намудан ва ё шартгузорӣ дар назди Худованд адо макунад, ки кори назр дигар асту кори адои фарзу суннат низ дигар аст.

Ва дар охир инро бояд дуруст дарк намуд, ки назр дар кори қазову қадари инсон ба коре намеояд, яъне, мисол, чун хабар дорӣ, баъзе аз ақвоми қадим, барои ободӣ, барои ҳосилхезӣ, барои рафъи бало ва ҳоказо, касеро аз байнашон интихоб намуда, ӯро “қурбонӣ” мекарданд, то ки “худоҳояшон” аз онҳо ризову дархосташонро баровардаи хайр бигардонад.

Ва ё баъзе, мисол, назр мекунанд, то ки умри маризро “харида гиранд”, ҳол он ки, аҷал ва муқаддароти вай дар дасти Қодир асту бас ва чун худ мефармояд: “...
ло йастаъхируна ва ло йастақдимун”, яъне, аҷал ки омад, ҳеҷ назр ба кор наояду ҳеҷ кас ва ё чизе наметавонад дар ин кор таъхир ва ё сонияи дигаре тақдим карда бошад.

Ин буд дар бобати мазмуни назр аз он ҳадис ва албатта, Худованд беҳтару бештар медонад.

……….

  1. Оид ба масоили садақаву бахшиш ва маҳсубияти он.

Дар лаби рӯд пири кор дидам нишаст,
Гӯиё вай моҳӣ медошта ба шаст.
Чун қариб гаштам, дидам, ақлам зи кор
Кард таъаҷҷуб з-он талоши нобарор.
Ҷои он ки моҳӣ дорад, тикка нон
Сӯйи моҳӣ меғуронид ҳар замон.
Пурсидам аз вай зи сирри ин амал,
Ӯ чунин гуфт дар ҷавоби ин масал:
“Некӣ кардӣ? Рав ба сӯи рӯду парт
Некиатро, пас, бикун дар оби шарт!”
Пурсидам аз вай зи сирри инчунин,
Пас, шунийдам маъниҳои вопасин.
Ӯ бигуфт: “Аввал, чу хоҳӣ ту савоб,
Кардаро кун парт ба зудӣ ту дар об!
Варна гардад миннатат аз он зиёд,
Ҳамчу чанг шорад зи сангу дур зи ёд.

пешина
аз 131
навбатӣ