Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Рав, бихон Оят зи Сура, чун дар он,
Гуфта шуд оид ба ҳол аз ину он.
З-он ки бошад аз риё миннат ба хайр,
В-ончи бошад дар зиёну шар, на хайр.
Дуввум, он бошад, бидон чун ҳар кор,
Гашта ояд бар худӣ аз худ, зи дор.
Зарраи мисқол агар бад мекунӣ,
Дар Қиёмат ҳосилашро мечинӣ.
Гар кунӣ нек, нек ояд, ай фато,
Аҷри ону ҳукми хайр аз он Худо.
Пас, чу кардӣ некӣ, аслан бар худат,
Некӣ кардӣ, ай рафиқ, дар ҳар сурат.
Сирри ин кор бас зиёду лек ҳамин
Мар туро боис бувад дар кори дин!
Дар ахир гӯям, ҷавон, ту аз куҷо
Дарк намудӣ аз ризои он Худо?
Аз куҷо донӣ, ки кори мустаҳаб,
Шуд Худоро маъқулу пас мустаҷаб?
Мутмаъин мебошу таҳсиб дар ахир,
Гар Худо иҳсоб кунад дар кори пир.
Варна хом аст ин хаёл гӯё Худо
Гашта буд аз кори дин аз ту ризо.
Охири кор, - чунки мардум гуфт, - ҳисоб
Аз Худову назди ӯ, ай аҳли боб!”
Ин бигуфту марди пир нонро ба об,
Меғуронид тикка-тикка дар ҷавоб.
Тартиби хушнудиро дар он Шариф,
Рост бихон, бори дигар, дар ин радиф.
“Розӣ гардад ин Худо аз аҳли шоън,
Розӣ гарданд аз Худо, пас, мардумон!”
На ки мардум пеш ояд дар ризо,
В-аз ақиб, гӯё, Худо гардад ризо.
Пас, муҳим аст гар Худо иҳсоб кунад,
Т-он даме ки нони мо дар об кунад.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
анфиқӣ ва ло туҳсӣ, файуҳсийа-л-лоҳу ъалйки”, яъне, дӯстам, “... садақаву бахшиш кун ва он чиро садақа медиҳӣ, ҳисоб накун то Худованд низ барои ту ҳисоб накунад.”.

Албатта, дӯстам, мо оид ба анвоъи садақаву риояву одобу воситаи додани он,
дар бахши сохту манфиъатбардорону ҷоизадорони садақа ва масоили ину-он
хеле зиёд дар силсила-китобҳоямон, ба мисли “Ҳикоёт”-у “Гарди домон”-у,
қисми аввали “Орифнома” гуфта будем, ва ҳатто дар барномаҳои телевизионӣ
ва родиоӣ, тавзеҳот дар фазои иҷтимоӣ кардем, вале гап дар сари он аст, ки
аксарияти мардум садақаро ҳамчу “шарт” ва ё “воситаву асбоб” дар раҳоӣ ёфтан аз ягон мушкилӣ мекунанду ё кардаашонро, бе далолат ва иҳтисоб, ҳамчу “карда” мешуморанд.

пешина
аз 131
навбатӣ