Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ҳар мусалмоне, ки дарахте биншонад ва ё базре бияфшонад ва парранда ва ё инсон ва ё ҳайвоне аз он бихӯрад, барояш садақа маҳсуб мегардад”.

Бале, дӯстам, дар ҳар кор, - савобе ҳаст, нодидаву ғайри мамнун, чун мисол, чун дарахте биншонӣ, ки на танҳо туро, балки, дигаронро сояе бахшад ва ё аз сабзаву тарияш таровати ҷонбахши нафас мебахшад ва ё ҳосиле дар он рӯяд, ки аз он инсону ҷонварони дигар баҳра бардоранд ва ё базре, яъне, тухмие бикорӣ, ки аз он гиёҳу гандуму дигаре рӯяд, ки боз ҳам худат ва дигарону ҳайвонот тановул кунанд, пас, ин кор бароят садақа, яъне некие, ки шоистаи аҳсану савобҳои зиёд мегардад, маҳсуб аст ва туро, Худо хоҳад, сабаби эмин гаштан аз азоби қабру охират мегардад.

Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад!

……….

  1. Оид ба масоили тақсим намудани некиҳо ба дигарон.

Некиро дар назди худ анбор макун,
Нафсро дар торикӣ бедор макун.
Гар шавад кас яккахӯр бемор шавад,
Нафс аммору бар ӯ сардор шавад.
Чун шавӣ маъмур, шавӣ мулҷам бар ӯ,
Гум шавӣ, ай некписар, беном чу бӯ.
Заҳри вай ҳал мекунад сахтустухон,
Вобилаш шорад ҳуруф аз ҳар сағон.
Суфта мегардад муборак номи ту,
Ҳамчу борон хок барад аз боми ту.
Ҳич намонад ёди нек аз бадгуҳар,
З-ин ки монад з-ӯ бадиву номи хар.
Лек, мабошад ҳарфи мо дар табъи он,
Балки, бошад дар қиёси ахтарон.
Бин, чӣ гуфт, Аҳмад, набӣ, дар васфи мол,
Он ки ҷамъ аст дар бару дар қаъри чол.
Он чи дорад нафъу орад суд ба кул,
Ё фулонӣ, худ махӯр, уқсим би кул!
Фа-л-уҳиб мозо туҳиббу, ё фато!
Инчунин аст амри “... анфиқ!”-и Худо.
Ман сухан кӯтаҳ кунам ин ҷо, рафиқ,
Рав, дигар бишнав сухан аз он шафиқ:
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
мо йакуну ъиндӣ мин хайрин фалан аддахираҳу ъанкум”, яъне, дӯстам, “...
ҳар чизе, ки назди ман бошад, онро назди худам захира намекунам”.

пешина
аз 131
навбатӣ