ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

- Оид ба масоили шукру хӯрдани таъом аз дастранҷи худ.
Гар бихонӣ номи некаш бар ғазо,
Ҳар таъом гардад лазизу бе азо.
Заҳри мор гардад дар он нон безарар,
Сеҳри кас ояд зи ин кор бе ҳазар.
Ҷоду гардад ҳал дар ин оби тар,
Мушкил осон мешавад дар ҳар ду даҳр.
Бо раҳам гардад таъомат бо Раҳим,
Меҳрубон гардад паноҳат, ай ҳазим.
Номи некаш ёд кун дар ҳар қадам,
Шукр гӯ бар додааш аз дам ба дам.
Гар кунӣ шукр, неъматат афзун кунад,
Куфр кунӣ гар, кам дар он, маҳзун кунад.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
мо акала аҳадун таъоман қатту хайран мин ан йаъкула мин ъамали йадиҳӣ”, яъне, дӯстам, “... ҳаргиз касе ғизое беҳтар аз ғизои дастранҷаш нахӯрдааст”.
Бале, дӯстам, чунин ҳам ҳаст! Болаззатарин таъом, он таъомест, ки худ, бо дастони худ, бо нафақаи ҳалол ба даст овардаатон пухта бошед.
Ин он таъом аст, ки бо як иштиёқ ва муҳаббати хосса, бо як нияти нек пухта шудааст, ки на танҳо шуморо, балки дигаронро низ дар он насиб бошад.
Ана дар ин маворид савобаш дучанду сечанд хоҳад гашт ва агар ба замми он, чун ишора дар Қуръони кариму дар аҳодиси набавӣ шудааст, шумо бо номи Худованди раззоқ, ки соҳиби бениҳоят зебои номҳост, бо “Бисмиллоҳ...” оғоз намоед, пас, на танҳо дар он савоби зиёда, балки ҳафозати Худованд ва ризоияти Худованд маҳфуз аст.
Албатта, Худованд беҳтару бештар медонад!
……….
- Оид ба масоили бемориву давои он.
Офарид Эзид замин, пас, мову ту,
Сониян, сулҳу низоъ, бо ҳам аду...
Як тане будем, бикарданд, ду зи мо,
Завҷаву фарзанду хешу ақрабо...
Ин чунин дунёст, ки пеш аз дарду ғам
Он Худо омода кард доруву дам.
То набошад мушкилӣ, ҳаллаш куҷост?!
То набошад манзиле, роҳаш куҷост?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё