Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Ӯро сӯи падар кашид. «Биёед, меравем, пеши додом меравем, пеши додом...»
— Мушараф, ба мошин даро, мегӯям, илоҷи сағераатро худат ёб, соҳиб шав ӯро, зан, ҷоғаш шиканад,
атолахӯрак кун, зан! — Тоқати падараш намонда буд,
аз ҷаҳл пайкараш меларзид, лабонаш хушк гашта буданд ҳоли раҳмоваре дошт ӯ.
Вале Мушараф аз ҷой намеҷунбид, гӯё дар замин реша гирифта буд, на ба тарафи мошин, на ба ҷониби шавҳар мерафт. Аммо дил майли Нозимӣ дошт. «Чӣ мегуфта бошад? Омадааст? Пушаймон шудааст? Сараш ба девор хӯрдааст?.. Сабзагул гуфт-ку... Як вақте ӯ омад, ки... Худо занадаш... Ҳангоми раворав, кӯҷокӯч... Дари мошинро кушояд ё Нозимиро гӯяд? Аз ду яке: падар ё Нозимӣ?»
— Чӣ шах шуда мондӣ, Мушараф?! Қадат меҳи замин шавад, Мушараф...— Падар ба сараш фарёд бардошт.— Даро, ба мошин даро, даро, савор шав!
— Биёед, оча, пеши додом биёед, оча, — гуфт Меҳрубон.
— Ходаҷӯби гӯр барин як ҷо наист, Мушараф, савор шав! — Овози падараш баланд шуд. Ронанда ҳам мотори мошинро ба кор даровард гулдурос зад мотор, сигнал дод ӯ. «Дид, дид...» Мушараф ҳамоно аз ҷояш намеҷунбид... Нозимӣ тарафаш қадам монд, «Мушараф», номи ӯро ба забон овард. Падараш аз болои мошин часта фуромад.
— Ту киро интизорӣ? Дилат боз ба ҳамин номард,
ба ҳамин ғарибшудаи муқдор?! — Нозимиро ба Мушараф нишон дода мағал андохт бобо,— дафъ шавад,
ба ин ҷанахс зан мефорид, хонаю дари обод мефорид,
фарзанд мегуфт, ин хел намекард, вай туро сар дод,
ба ту номаҳрам, бегона шуд... Даро! — Мӯйсафеди падараш ӯро ба тарафи мошин тела дод.
— Мушараф, — Нозимӣ ӯро чеғ зад.
— Оча, — Меҳрубон лаби домонашро сар намедод.
— Гум шав, як тараф ист, дафъ шав! — Ба бари рӯи Меҳрубон бобояш шаппотие фароварда ӯро аз пеши роҳи Мушараф ба як сӯ кашид.
— Назанед, бачама, додо, — ғазаби Мушараф омад.
— Ба мошин даро, мегӯям.
— Намеравам, — ба ногаҳ ин сухан аз забонаш баромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё