Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
бо забон гуфта намешавад, забон дигару дил дигар, дил ба инсон маҳраму наздиктар...
Шамол қатраҳои боронро ба чашму рӯяш зад, лабҳои рӯймоли симдори нофармонашро бод ба бари рухсораҳояш бозӣ медоронд, домони куртаи атласашро ба пойҳояш мепечонд. Гӯё шамол ҳам ӯро роҳ рафтан, аз манзилаш дур шудан намемонд. Ҳаво абр, чун дили ӯ сиёҳу тира. Сим-сим борон меояд, кӯчаҳо, роҳравҳо тар, тозаю озода, оина барин... Одамон аз пиёдароҳа мегузаранд, думашон канда не, бисёранд, беҳисобанд...
Падараш даст ба сӯи дари мошин бурд, онро кушод.
— Қатии бачаат ин ҷо даро, — кабинет ро ба ӯ нишон дод ва худ ба паси мошин тоб хӯрд, болои соғуи он баромаданӣ буд.
— Меҳрубон, — овозе баногоҳ ба гӯши Мушарраф омад. «Нозимӣ? Шавҳараш?» дасти Меҳрубонашро раҳо надода ақиб ба ҷониби овоз гашт Мушарраф. «Меҳрубон», шунид боз. Нозимиро дид... Қадаме чанд дуртар аз ӯ, аз пиёдароҳа тарафи онҳо меомад. Дар дасташ валасафеде, онро ба замин, такя ба танаи кундаи дарахт монд. Чашми Меҳрубон ба падар афтод, «додо, додоҷон!» гуфта сӯяш давид... Нозимӣ Меҳрубонро бардошт, дастони тифлаш ба гардани падар ҳалқа хӯрданд, ӯро мебӯсид, гарданашро бӯй мекард, «додо, додоҷон!...» Сӯҳбати падару писар «кӯр гирифт», гапи Меҳрубон тамом намешуд. Падараш не, гӯё ҷону чиғарашро ёфта буд Меҳрубон. Мушарраф пеши мошин қадам мезад... Либосҳояш тар шуда буд, сараш мекалавид, комати баландаш гӯё алвонҷ мехӯрд, як ҷо истода наметавонист... Назари ҳамсояҳои меҳрубонаш ба ӯ. Меҳрубон намеомад. Ӯ вайро чеғ заданӣ набуд.
Дилаш намешуд, ки мошин ба роҳ барояд...
Падараш лаби соғуи мошинро дошта пайкарашро
ба ҷониби Мушарраф хам андохт.
— Вай чурпаатро чеғ зан, гӯй, тезтар биёед. Ё санг бастааст ӯ он ҷо? Шаҳ шуда мондааст? Афташ дар гӯр, суробашро худо гирад...
— Оча, додом чеғ доранд...— Писараш гӯё бол бароварда ҷониби ӯ давид,— додом мегӯянд, ки хонаи
бобот наравед, мегӯянд, ки ба очаат гап дорам.— Ба
ақидаи Мушарраф, ки Меҳрубон аз шодӣ худошро гум
карда буд, саг барин меҷақид, «додом, додом...» Ин
калима аз забонаш канда не, ба домонаш дарафтода

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё