Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
тӯй шуда аз деҳа ба район омаданаш ҳам айёми баҳор буд... Ҷиҳозҳо, чизу чораи рӯзгорашонро он рӯз ҳам ба мошин бор карда оварда буданд, рӯзи хурсандиаш буд он рӯз... Аз шодӣ дар куртааш намеғунҷид.
Кӯчаҳои сердарахти район, биноҳои ду-сеошёнаи сапсафеду нав ба нави он ба хаёлаш зебо тофтанд... Дилаш кушода гашта буд... Ҳоло он кӯчаҳо, он биноҳо, ки дар оғӯши онҳо қариб ҳашт соли умраш гузашт, дилгиркунанда, яъсовар. Ҳаво ҳам, осмони пурабри болои район ҳам. Дар зиндагӣ ин хел рӯзҳоро интизор набуд, ба хаёл намеовард, ки ба деҳа меравад, ноумед, бо дили пургаму хотири ошуфта... Хонавайрон, ки шудӣ, бо хешовандон, шиносҳо, наздикон вохӯрдан гарон... Чӣ мегӯӣ ба ҳар яки онҳо? Чӣ тавр мефаҳмонӣ, айбдор нестӣ, фалону бисмадон кор шуд. Осон нест, азсар ва боз аз сар ҳамаашро пеши ҳар кас бо ҳар забон баён кардан. Забонат мӯй мебарорад, даҳонат дард мекунад... Марг ба ҳамааш мегӯю баъд сукут меварзӣ, лаб мебандӣ... Баъд... Дар зиндагӣ сарат боз ба куҷоҳо дакка мехӯрад? Фарзандҳо — ҷигарбандҳоят чӣ рӯз мебинанд? Рӯз намебинанд, захр мехӯранд, ситам мебинанд. Аз як ҷиҳат ба Сабзагул ҳам намеҳандад, ӯ зани содда, чи тавре мегӯянд, сусту фулусте не. Барои фарзанданаш ҷон кандааст, фарзанд гуфта ҳазор кӯза зардоб хӯрдааст, худашро хору зор намудааст, ба қишлоқ, ба хонаи падару модар нарафтааст. Ҳамааш ба хотири бачаҳояш, барои ҷонҳои ширинаш, модари зор ӯ, ғамхори фарзандон ӯ. Вале Мушарраф чӣ? Девона барин... Дар оташи рашк бирён, ба худ мепечад, барои худ менолад, ба деҳа равон ӯ. Ба деҳа — ба хонаи падару модар не, рӯ ба олами тирагиҳо, сарсониҳо.
Тира аст ин тарафи ҳаёт, зиндагии ӯ, тира...
Аз назди тиреза дур намешуд, оби дида сари рухсораҳояш омад, қатра-қатра, гуҳарпораҳо барин буданд, шадда-шадда марҷон мешуданд. Меҳрубону Мижгон аз ду тараф сар болои зонувонаш гузошта рӯи гилем дароз кашиданд. Чӣ воқеа рух медод дар хонаашон? Аниқ намедонистанд. Дар ҳайрат буданд, ки бобояшон дасти холӣ ба хонаи онҳо омад, мисли пештара ба онҳо себ ё кулчаи қандӣ наовард. Парешон, саросема, ғазаболуд ӯ. Мошин овардааст. Гилемҳои рӯи хонаро ғун медорад, кӯрпаҳоро ҳам, ҳамаи ашёҳои хонаашро чаппаю роста кард ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё