Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Пешандоз карда, хона овардам. «Охир худут пеш карда будӣ-ку» ғур-ғур кард.

— Номаъкул кардӣ, ман шавҳари мепартофтагӣ надорам, номаъкул кардааст вай бева, наздик биёд, мекушам, ман туя ба вай намедиҳам,— гуфтам. Шавҳари баромада рафтагиамро гардонда овардам, нағз кардам. Дина мо писари калониамонро зан додем, пиру кампир тӯй доштем, келин фаровардем... Ҳоло падарашон сарбони писаринам, бахтамро гум накардам. Ту ҳам хоҳар, барои падари бачаҳоят талош кун, ноумед нашав, аз сари ҷаҳл гард, ба замин назар андоз, ба худ биё,— гуфт ӯ боз ба вай.

— Наметавонам, худаш, ки ақл карда фарзандҳояшро суроғ накунад, дафъ шавад, равад,— Мушарраф дасташро ба сари Меҳрубон ниҳод, пешонаи ӯ сард буд, ранги рӯяш сафед канд, ҳазён мегуфт тифлаш: «Додо, додо».


Шаб падараш ба хабаргирии онҳо омада буд — ҳам барои хабаргирию ҳам барои ӯро ба деҳа, ба хонаашон кӯчонида бурдан.

— Модарат маро рӯз намедиҳад, духтарам,— мегуфт ӯ ба Мушарраф, — нони мехӯрдаамон дар танамон заҳр. «Ҳоли Мушарраф чӣ мешуда бошад? Духтарамро хабар нагирифтетон, вай дар ҷои дур, танҳоию зор» барои ту гирья мекунад,— «Ҳар рӯз духтарамро хабар гиред, ҳар рӯз!» — мегӯяд. Роҳ наздик набошад, кор бисёр аз мӯи сар зиёд.— Мӯйсафеди падараш боз илова кард:— О хайр, аз ҷиҳати дигар чӣ гуфта ин ҷо сар сахт кардааст. Зан гирифт, аз паи рӯзу рӯшноии худаш шуд... Мошин овардам,— гуфт ва бо нӯги ангуштҳояш лаби пардаи тирезаро бардошта ба берун, ба осмон, офтоб, ки рӯ ба ғарб майл дошт дида дӯхт.— Кӯчу банду датро ғун медорем, дер шуд,— бобо рӯйҳои сафеди гулдорро аз болои тахти кӯрпаҳо кашида ба фарши хона паҳн кард. Тахтро канда кӯрпаҳоро рӯи ҳам чид, лабхон рӯйчӯро ба рӯи онҳо кашида сар ба сар гиреҳ андохт. Мушарраф ҳанӯз аз ҷояш намехест, нигоҳи ӯ аз тиреза ба кӯча ба одамон, ба бинои редаксия буд, ки дар дур, миёни дарахтон менамуд. Абрҳо болои офтобро мегирифтанд, борон омад, якта-нимта қатраҳо ба оинаҳои тиреза мехӯрд. Борони баҳор... Вақти бо Нозими

пешина
аз 399
навбатӣ