Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ношукр, — гуфт ва рӯяшро ба болин пахш кард. Ҳоло ҳам дилаш ба занаш, ба кӯдаконаш, ҳазор забон доштааст ин одам. Фиребгар, дурӯя, шайтон! Қасам хӯрда буд, ки дигар ёди онҳо намекунад, аз сари бачаҳояш зару зевар резанд ҳам, сӯяшон наменигарад. Шаҳноз дунёи ӯ, кӯдак, падару модар — ҳамаш ӯ. Бовар кунад, дилаш ӯ, ҷонаш, имонаш ӯ. Дирӯз гуфта буд ин гапҳоро вай, ду рӯз нагузашта аллакай фаромӯш кардасту аз хотир баровардааст, занаш ба вай телефон мекардааст, боз онҳо бо ҳам, ҳамроҳ... Хайрият Шафиӣ хабар дод... Одами нағз, «дилам ба шумо месӯзад» мегӯяд, аз ягон сир огоҳ барин ӯ. Баъзе ишораҳо мекунаду вай гӯл, аҳмак, эътибор намедиҳад... Аз афташ дили ин журналисти худозада бисёр чизҳо мекашад... Ҳам Шаҳноз, ҳам зани аввалаш, ҳам бачаҳояш, дузана шудани... Аз афташ, ба худаш буридаю дӯхтааст. Хато мекунад. Шаҳнозро ҳам ӯ хаёли вай зани қишлоқию гӯлаш кардааст... Шаҳноз ин хел мардҳоро оташ мезанад, дар аловашон гарм мешавад. Як шиносҳо, як «чӯраҳое» дорад, ки... Агар ишора кунад, гардани ин мардакро мекананд, дар пӯсташ коҳ ҷой мекунанд. То ба гардани авбошу одамкушҳо печидаанд мӯи шабгуни ӯ... Нозимӣ чӣ хаёл кардааст ӯро. Сарашро ба пахта мегирад вай. Дар як лаҳза, дар як они воҳид барҳамаш медиҳад...

Садои тақ-таки дар баланд гашт.

— Шаҳноз, номаъкулӣ накун, дарро кушо, домод омадаанд, кушо! — Модараш аз ошхона берун давид.

— Намекушоям, шумо равед, паи кори худатон шавед, равед.

Модарашро ба даруни хона тела дод.

— Шаҳноз, дарро кушо, шӯхӣ бас, аҳмак нашав, кушо! — аз паси дар бо илтиҷо ба вай муроҷиат мекард Нозимӣ. Аммо ӯ гӯё суханони вайро намешунид, ҷавоб намегардонд, худашро ба рӯи ҷойхобаш парӯ партофта, талх-талх гирист.

Садои тақ-таки дар басанда гашт. Овози Нозимиро дигар ӯ намешунид. «Рафт, равад, паяш канда, раҳаш сиёҳ», ним гашту якпаҳлу хобид. Вале осуда намешуд, дилаш ҷисму ҷонаш месӯхт: Ба занаш телефон мекардааст хонааш мерафтааст, фириб хӯрд, як бор не, чанд бор, садзабону садрӯя будааст.

Чароғаки телефон хомӯш шуду даргирифт, милт-милт кард, дасташ ба болои телефон дароз шуд.

пешина
аз 399
навбатӣ