Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Занашон телефон карда буданд.
— Занашон?!— овози Шаҳноз ларзид.
— Оҷаи Меҳрубон.
— Ҳоло ҳам вай думи Нозимиро сар надодааст?
— Гоҳ-гоҳ телефон мекунад, мепурсад... Писарашон бемор шуда будааст, ҳамроҳ беморхона бурданд. Аз афташ боҳаманд, ҳамонҷоанд онҳо.
— Ташаккур, муаллим.
— Лекин, келин, ин гапҳои маро овоза намекунед, шумо духтари нағз, хушрӯ ҳастед, дилам месӯзад.
— Муаллим, шумо аз ман сир пинҳон накунед, гӯед, миннатдор мешавам, илтимос, муаллим.
— Телефон карда истодаанд.
— Хуб шудааст, муаллим...
Аз ин гуфтугӯи чандлаҳзаина бо Шафиӣ Шаҳноз аз худ бехуду бехабар шуд: шавҳараш ба хонааш равуо доштааст, аз занаш дил наканда будааст, вомехӯрданд, медиданд якдигарро... Аллакай. Вале Шаҳноз бехабар, ин фикру хаёлҳо аз сараш дур, ширин гузарад рӯзҳои арӯсиям, мегӯяд... Беакл аст, фаросат надорад ӯ. Аз фикраш рафтааст, ки ин мард зандор, дили омӯхта...

Дари хона оҳиста тиқ-тиқ зада шуд. Шаҳноз пай бурд: Нозимӣ. Додарчааш ба тарафи дар давид. «Ист!», аз роҳаш гардонд ӯро. Тиқ-тики дар баланд гашт.
— Чаро дарро намекушоед? — модараш, ки дар ошхона таом мепухт, фарёд зад ба сари фарзандон.
— Намекушоям, — гуфт Шаҳноз ва наздики дар омада чашм ба оинаи пурбини он гузошт. Худи Нозимӣ буд. Паси дар қадам мезад.
— Ҳеҷ кас дарро намекушояд, — фармон дод Шаҳноз ба модару додараконаш ва ба арӯсхона — ба хонаи худаш даромад... Либосҳои сафеди арӯсиаш дар бар болои ҷойхобаш, ки рӯи диван густурда буд ва аз он бӯи атру гулоб меомад, худро партофт, болини париқуро ба зери бағал кашид... Атру ғоза, кремҳои гуногуни хушбӯеро, ки ба пештахтаи оинаи қаднамо гузошта аз онҳо ба сару рӯ, дастонаш мемолид, як сӯ тела дод, ҳамаашонро чапа кард,— садкаи инҳо шавад.

Ҳар чӣ донад хӯрдани қанду набот,
Тӯрбаи каҳ бошаду кунҷи работ.

пешина
аз 399
навбатӣ