Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
назар андохту ақиб гашт. Дар ториқӣ гоҳе пояш ба кӯлмаки об мерафт, гоҳе болои калушҳояш пури лойқа мешуданд, ё ба сангу яхпорае пешпо хӯрда меафтод. Роҳаш давом меёфт. Ҳамин хел аз як кӯча ба кӯчаи дигар мегузашт. Аз деҳа берун шуд. Дашти васеъ пеш омада буд. Аз барф сап-сафед метофт. Қампири Сабрия бо роҳаки миёни дашт мерафт. Гоҳе бод як лаби рӯймоли сарашро ба рӯяш мезаду аз зарби он чашмонаш об мегирифт. Ӯ роҳ мерафт, оҳиста боазоб ба пеш қадам мемонд. Сулфааш меомаду қоматашро болои асояш хам дода меистод. Месулфид, нафас гӯё дар гулӯи ӯ дармемонд.
Ҳамин хел як бори дигар ҳам вай шабмонда шуда буд, он ҳам ба туфайли ҳамин Талбакҷонаш. Аз мактаб ӯро оварданд, касал шуда будааст. Як сару ҳазор болин. Вайро ба беморхона бурданд. Талбакҷон дар беморхона хоб буду модар атрофи бинои он беқарор тор меманид. Чисму ҷонаш гудохта мешуд. Духтурҳо таскинаш медоданд. Мегуфтанд, ки писаракаш сиҳат мешавад, модар хонааш раваду бихобад, дам гирад. Аммо дар назари модар хонаҳояш ваҳшатқада менамуданд. Не, вай бе писаракаш ба хонаҳои холӣ сар дароварда наметавонад. Онҳо барои ш бе Талбак як ҷазираанд, ҷазираи дур аз ободиҳо, ваҳмоваранд.
Даҳ рӯз ҷои модар гирду атрофи беморхонаи колхози ҳамсоя буд. Боре, нимаҳои шаб як ҳамшираи шафқат бо чеҳраи хандон аз пеши писараки ӯ баромад. Хотири модарро шод кард. Аҳволи Талбаки вай беҳ шуда чашм кушодааст. Шир пурсидааст.
— Талбакҷони ман шир мегӯяд! Ӯ шир мехӯрад, дар забонат садқа, — гуфт модар ба духтарак ва рӯ ба роҳи деҳа овард. Он вақт байни деҳаю беморхона мошин намегашт. Одамон аспакию ҳаракӣ меомаданд. Вале модар ки зани ҷавону боқуввате буд, пиёда мерафт. Аз хабари андак беҳтар шудани ҳоли писараш гӯё бол бароварда буд, роҳ мерафт ӯ, тарафи деҳа дар парвоз буд.
Вай зудтар ба деҳа расида, ба ҳаққу ҳамсояҳо хабар доданӣ буд: Талбаки ӯ шифо ёфт, шир диҳанд, шир мегӯяд. Вале роҳ дароз буд, модар монда шуд. Ҳаво хунук, баъди тамоми рӯз барф боридан осмон каб-ка- буд метофт, ситораҳо гӯё гулҳои осмон буданд. Ҳазор- ҳо ранг медоданд. Аз паси теппа моҳ намоён шуд. Ав- вал нимаи нон, баъд ба монандӣ як нони бутун шакл

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор