Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
гирифт. Олами пур аз барф аз нурҳои он равшану зебо гашт. Лекин ҳамин хел ҳам, ки бошад, ба дили модар ваҳм омад. Аз паси чанд сангӣ хонамонанд гузашт, даруни як ҷарӣ назараш ба сиёҳие ғалтид. Сиёҳӣ ранги гов менамуд. Ҷон аз дасту пои Сабрия баромад. «Бало будагист, бало». Пеш давид, аз назди ҷарӣ гузашт. Вале гов аз паси ӯ афтод. Модар ҳам шуда аз замин сангеро бардошта тарафи он ҳаво дод. Дудила шуд: оё он дар ҳақиқат гов аст ё бало? Дар ин наздикиҳо деҳа набошад, гов аз куҷо пайдо мешавад. Аз ҳарос Сабрия медавид. Мондашавӣ, хунукиро дигар ӯ ҳис намекард.
Кому забонаш хушк шуд. Вале медавиду медавид... Бо ҳамин ҳол вай ба деҳа омад.
Чанд дарро зад. Ниҳоят аз хонае шир ёфт, хурмачаи пури шир дар даст ӯ боз ба роҳи омадааш гашт, саҳар нашуда дари беморхонаро кушод. Талбак шири модар овардаро хӯрд, андаке мадор гирифта «оча» гуфт.
Ҳеҷ гоҳ модар ин қадар хурсанд нашуда буд. Ташвишу кулфатҳояш фаромӯш шуданд.
Бале, он вақт ҳам модар ба хотири фарзанд шаб монда буд. Имшаб ҳам сабаби дар роҳ мондани ӯ ҳамин фарзанд. Вале акнун вай он Талбаки хурдсол нест, мардаки калон, хонадор аст. Ҳамин Талбак дар ин шаби қаҳратуни зимистон дарро ба рӯяш маҳкам кард.
Модар ҷои сарпаноҳ наёфт. Ҳоло беҳолу бемадор шудааст, аз миёни дашти пурбарф асозанон роҳ меравад, барф сару рӯяшро сафед кардааст, аз хунукӣ панҷаҳояш бо ҳам намеоянд, шах шудаанд.
Қампири Сабрия ба деҳаи Лолазор расид. Ҳис намуд, ки хонаи хоҳарашро ёфт, бо асои дасташ дарвозаи ӯро чанд бор кӯфт. Баъди ин дигар чизе ба хотири пиразан нест. Ба худ омад, хоҳараш Наргис ва фарзандони ӯ болои сари вай менишастанд. Чанд шаб аз миён гузашт, боз хаёли модар ба Талбак шуд. «Талбак, Талбакҷон» мегуфт.
Як шаб бо тарс аз хоб бедор шуд. Хоҳарашро, ки паҳлуи ӯ хобида буд, «очаи Шарофат, очаи Шарофат» — гӯён бедор кард.
— Чӣ соти шаб аст? — пурсид кампири Сабрия аз
хоҳараш.
— Ҳоло барвақт, апа, хоб кунед, бароҳат хоб равед, — гуфт очаи Шарофат.
— Талбакҷонро хоб дидам, хоби ганда дидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор