Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Модар аз ғазаби писар, аз чашмони беҷошудаи ӯ тарсид. Ҳафтаи гузашта ҳам вайро ӯ беҳуда озор дод, қариб ба сараш мушт бардошта буд. Аз як ҷиҳат айби худаш ҳам ҳаст. Муродаш ҳамин буд: Талбакҷонаш ӯро азоб диҳад, занад, хориаш диҳаду умраш дароз шавад. Ҳамин хел шуд.
Қампири Сабрия ашки чашмонашро пинҳон дошта, аз ҳавлӣ баромада рафт...
Баъди ҳамон рӯз модар ба писару келинаш рӯ ба рӯ намешавад. Танҳо мегӯяд: «Худо давлати ҳамсояҳоро зиёд кунад». Нимаҳои шаб ӯ бо хаёли фарзанди ягонааш аз хонаи онҳо меояду шабаш, ки саҳар шуд, боз мебарояд.
Модар оҳиста тарафи дарвоза даст бурд. Ин дарвозаро раҳматӣ шавҳараш баъди ба дунё омадани ҳамин Талбакҷонаш сохта буд. Гирди ҳавлиро аз нав девор бардошт, дарвоза шинонд. Падар ҳам ҷигарсӯхта буд. Фарзандҳояшон ба дунё наомада нобуд мешаванд. Талбакашонро тӯй карданӣ буд, тӯйи калон. Аммо орзуҳояш дар дил монд. Пеш аз марг ба Сабрия васият кард: «Талбакро хор накунад». Талбак бепадар монд, лекин хор нашуд. Ҳамаи дороии модар барои ҳамин фарзанд сарф шуд. Гули хӯрокро хӯронд, гули либосро ба ӯ пӯшонд. Ҷавон буд модар, ба хотири ҳамин як фарзанд шавҳар накард. «Раҳрезу рӯрез нашавад, бачам» гуфт. «Бачам», гуфту ӯро бонӣ кард, калон кард. Сонӣ келин фуровард.
Қампири Сабрия бо андешаҳои зиёд дарвозаро оҳиста тела дод. Кушода нашуд. Онро аз дарун занҷир карда буданд. Пиразан, асояш миёни кафҳояш, болои як санги таги дарвоза нишаст. Хунук хӯрда буд. Ҷуръати дарвозаро так-так задан ё овоз бароварда фарёд кардан надошт. Хеле вақт гузашт. Оҳиста аз ҷояш бархост. Дарро боз тела дод. Руст буд. Сулфааш омад. Сулфид, баланд месулфид, бо умеде, ки дари ҳамсояе боз мешавад. Вале дар ин ғояти шаб мардум ҳама хоб буданд.
Акнун вай, кампири барҷомонда, чӣ кор кунад? Ё дарвозаи ягон ҳамсояро кӯбад? Дар ин носи шаб... Чӣ мегӯянд? Гӯянд, ки писару келинаш дар ин шаби зимистон дарро ба рӯи вай бастанд, аз хонаашон бароварда пеш карданд? Деҳа пури гап мешавад. Талбакаш ба бало мемонад, таъна мешунавад.
Кампир хеле бо ҳасрат ба дару деворҳои ҳавлиаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор