Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
набуд, гуноҳ надошт. Лекин аз пасаш афтоданд, манманӣ, бачагӣ кард... «Аз гапам намегардам» гуфт, баъзе дӯстонаш дар ҳаққи ӯ ҳамин хел суханҳоро ба забон оварда воҳима мекарданд. Падараш ҳам дар ин рӯзҳо дар ғами ӯ шарик... Зик, хафаю маъюс мегашт.
— Ҳозир бачам, мардум аз ҳад зиёд нозук шудаанд, ба сарашон овоз баланд кунӣ, меранчанд, димогашон пӯстак... Менависанд, роҳбари ба дил, ба мақсадашон мувофиқ мекобанд. Гуфтам-ку бо ҳазор азоб ман бо онҳо кор мекардам, шабҳо дар хаёле, ки бо чӣ гуна забон гап занам. Фармонфармоӣ қатӣ намешавад... Рӯҳашон намебардорад, омӯхта шудаанд... Биё, бало ба пасашон гӯӣ, ғами худатро хӯр, сахтгирӣ қатӣ фоида намебинӣ, азоби худат.— Падар ӯро боз ба гап даровардани шуд. Гуфт, ки ӯ ба ҳамаи одамони «менавиштагӣ — душмани вай» гапзанон кардааст... Онҳо гуфтаанд: Исмоил онҳоро ба ҳолашон гузорад, ба асабашон нарасад, дигар даъво намекардаанд.
— Бачам, онҳоро ман худам розӣ кунондам, ба миён даромадам, баъзеашонро ҷанг кардам, биё акнун ту ҳам не нагӯй. Чӣ мекунӣ? Зӯр омадааст, илоҷ нест,— таъкид кард падар.
— Не, додо, ман ба гапи онҳо намедароям, монед, нависанд. Натарсонанд, ман гуноҳ надорам, гуноҳ надорам, аз онҳо кор талаб мекунам!
— Ман ҳам медонам, ки ту бегуноҳӣ, лекин душманҳо аз паят шуданд. Идораҳои боло саргардон... Гап мешунаванд... Ноилоҷ мемонанд. Мегӯянд, ки Исмоил Саодатов гунаҳкор... Гуфтам-ку аз ноилоҷӣ, халос шудан мехоҳанд. Беҳтараш, биё «ҳа» гӯй, пешашон меравам. Ҳамин рӯз ин гапҳо тамом мешавад, намояндаҳо мераванд... Боз ҳамааш мисли пешина, худат соҳиби вазифаат...
— Намехоҳам,— дигар ӯ бо падар гап назад.
Баъди ин воқеа, аз хусуси вай ба идораҳои боло шикояти нав афтод: Исмоил Саодатов падарашро ба миён андохтааст, ӯ хона ба хонаи муаллимон гашта аз номи писараш хоҳиш кардааст, аз гуноҳи вай гузаранд, даъвогар нашаванд...
Санҷиши «гуноҳҳо» ва кирдорҳои «ношоиста»-и мудири мактаб рафиқ Исмоил Саодатов давом дорад... Мактубҳо хусуматомезанд, лекин аз идораҳои боло рӯи онҳо менависанд: Ба таври ҷиддӣ санҷида шаванд, беокубат нагузоранд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор