Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

комиссияҳо мактуби нав расид. Дар хошияи он ин суханҳо бо қатъият зикр ёфта буданд: «Ба таври ҷиддӣ тафтиш карда шавад!» Гапи нав: Исмоил Саодатови мансабпараст касал, бемори сахт... Духтурҳо ӯро ҷавоб надода ба кор баромадаанд... Одами ба чавкии мансаб часпида... Мақсади дигар ҳам дорад: дар рӯзҳое, ки намояндагон ба санҷиши гуноҳҳои вай машғуланд, аз онҳо дур будан намехоҳад, роҳи наздикӣ меҷӯянд... Як одами вазнину ботамкин баъди ин воқеаҳо аз ҳар кас, аз ҳар сухан меранҷидагӣ шуд... Дар хонааш ҳам ба сараш ғурбат омад...

Завҷааш боз оши палав пухта буд. Ошро кашид, хона назди фарзандон овард.

— Додош, биёед, — гуфт ҳангоме, ки Исмоил Саодатов сарашро миёни кафҳояш дошта паси мизаш менишаст, — додош, — овози ӯ баланд гашт. Ҷавоб надод. — Айб аст, аз фикру хаёлҳои беҳуда худотонро қариб нобуд кардед-а? Ҳамааш барои ҳамин як вазифаи мудири мактаб?... Э бас кунед, бало ба пасаш гӯед... Худатон сиҳат бошед, ба фарзандоямон ҳеҷ тап нашавад. Мансаб чӣ? Бевазифаҳо намурдаанд-ку! Муаллим шуда кор кардан гиред. Ин қадар ба вазифа дил бастаед-а! Айб, шарм дорем... — Қоҳ-қоҳ хандида ба ҷароҳатҳои сӯзони вай модари фарзандонаш намак пошид, таъна зад... Аз афташ дар ҳама ҷо, худию бегона дар бораи Исмоил Саодатов ҳамин хел ҳарф мезананд. Ин гапи занаш не, фикри дигарон... Ҳамин хел тапҳою худи вай бехабар...

— Бас кун, касофат, ту ҳам бо онҳо шарик, аблаҳ! — ба сари модари фарзандонаш хест, таҳдид кард. Баъд аз ин байни онҳо низоъ ба амал омад. Зани дигар чӣ мегуфту вай баръакси ӯ. Болои оташ равған мепошид ӯ... Аланга хест...

Рӯзи дигар бо имзои роҳбарони идораҳои мӯътабар боз як аризаи шикоятии нав дар масалаи носозгориҳои онлавию мудири мактаб рафиқ Исмоил Саодатов ба номи аъзоёни комиссияе, ба тафтиши «гуноҳои» вай машғул буданд, омад. Дар хошияаш ҳамон суханҳои қатъӣ: ба таври ҷиддӣ санҷида бароянд...

Шикоят ба мисли баргҳои дарахтон ба сари Исмоил Саодатов борид, ба гуфте, ки ӯ зери онҳо ниҳон гашт. «Хайф шуд, душмани Исмоил Саодатов ғолиб меоянд, агар решааш ҳазор газ ба замин ғӯтида бошад ҳам, чапа мешавад... Илоҷ надорад. Одами бад

пешина
аз 399
навбатӣ