Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Шунид, ки се-чор нафар шогирдони камсаводу аз дарсҳои вай баҳои «2» гирифта ӯро муаллими бад, дағал гуфта забонхат додаанд. «Дӯсти наздики хонадонашон» хабаркаши рӯзҳои роҳбарии падараш Фозилов бо ӯ боз ҳамгап шуд:

— Медонед, дар ҳаққи шумо чӣ тӯҳмату илвоҳо хестааст.— Аз афташ ӯ умедвор буд, ки ин дафъа аз мудири мактаб рӯи хуш мебинад...

— Намедонам, лекин шумо ба ман нагӯед, намехоҳам,— вайро боз бо нафрат аз наздаш ронд. Ана ҳамин хел лаҳзаҳо дар хобаш медаромаданд... Доруи хоб мехӯрд, нафъ намеовард... Худро пеши ҳама устувор, матин вонамуд кардан мехост, сараш дард мекард... «Ҳаросид» мегӯянд... Дар ҳамин шабу рӯз бояд бемор нашавад дигар хел маъно медиҳанд, не, набояд ӯ тан диҳад, ӯ худашро ба по нигоҳ медорад... Лекин чӣ чой пинҳон, ки саломат будани ҳеҷ кас ба ихтиёри худаш нест. Фишори хун баланд гашт. Сардухтур писари тағояш ӯро ба ҳолаш намонда ба беморхона бурд. Худаш ба табобати ӯ машғул... Таъкид кард, ки фикрҳои бехударо аз сар дур намояд... Ором, осуда бошад... Вале баръакс, акнун дар бемористон фикру хаёлҳои нохуш ӯро мехӯрданд: вай маризу дар мактаб, дар деҳа гапу ҳарфаш... «Гуноҳҳояшро» тафтиш доранд. Ҳар рӯз ҳазор хабар...

Дар набудани духтурҳо ҳамон Гулхоров, афташро дида ҷисму ҷонаш гудохта мегашт, назди ӯ омад... Аз ким-куҷоҳо гап сар карда, баъд «дӯстона» таъкид намуд: наҳаросад, ҳоҷати худро ба беморхона заданаш набуд... Сараш гӯё таркид, духтурҳо баъди ин фишори баланди хунаро паст карда натавонистанд. Сардухтур аз ташрифи бемавриди Гулхоров огоҳ гашта рост ба назди ӯ рафт, вайро суханҳои пасту баланд гуфт. Гуфтааст, ки дигар ягон нафарашон ба беморхона наздик нашаванд. «Аз ин беандешагии шумо одам нобуд мешавад, медонед чӣ мешавад». Ӯ ба сари як Гулхоров не, ба сари ҳамаи тафтишгарҳо дод задааст, сиёсат намудааст...

Пас аз ду рӯзи ин ҳодиса дар идораҳои боло боз номаи пуршикоят афтод. Навиштаанд, ки Исмоил Саодатови асп барин сип-сиҳатро сардухтур — писари тағояш дар беморхона хобондааст, ӯро аз тафтиш гурезондааст...

Ӯ сиҳат наёфта аз беморхона баромад... Ба ихтиёри

пешина
аз 399
навбатӣ