Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

бо ӯ, гӯё ягон ҷинояткори хавфнокро дастгир карда бошанд, ҳарфи неку нарме нагуфта, аз вай напурсида маҷлис гузаронданд... Як дафтар дар дасташон, мактуб будааст он. Аммо нахонданд, бо овози баланд, бо оҳанги мутантан эълон намуданд, ки ариза, аризаи шикоят аз хусуси мудири мактаб Исмоил Саодатов... Якчанд рӯз дар мактаб мемондаанд... Месанҷидаанд, ба дараҷаие, ки мӯй аз хамир ҷудо шавад. Якеи онҳо гашта баргашта аз ҷояш хест.

— Рафиқон наҳаросед, давраи ошкоргӯӣ, ошкорбаёнӣ, — таъкид кард ӯ ва илова намуд, ки на фақат муаллимон, балки хонандагон ҳам ҳақ доштаанд, гуноҳҳои мудири мактаб рафиқ Исмоил Саодатовро гӯянд, ӯро сиёҳ кунанд, андеша накунанд.

— Агар фактҳо тасдиқ шаванд, Саодатовро мо дигар ним рӯз дар вазифааш намегузорем... Вай кӣ? Эҳа як одамҳое аз вазифаҳои масъул парида рафтанд, ки ӯ пеши онҳо ҳеҷ, ба як пули пучак баробар не.— Бо ин суханҳояш он намоянда, ки Гулхоров ном доштааст, ба дили вай гӯё ханҷар зад, беобрӯ, ба хоки замин яксонаш кард. Сӯхт ӯ, хокистар шуд, вале худро аз даст надод, панҷаҳояш мушт шуданд, дандон ба дандон монд...

Ана бо ҳамин тарз тафтиши «гуноҳҳои» вай оғоз гашт... Ба ду нафар супурданд, ки дар ба дари аҳли деҳа гарданд. Дар ғайби ӯ чӣ мепурсиданд онҳо? Ба вай нагуфтанд, сирри пинҳон...

Яке бо муаллимон сӯҳбат карда фикру ақида андешаҳоро дар хусуси мудири мактаб мефаҳмидааст. Ба тафтиши ҳуҷҷатҳо, ҳисобҳои пулӣ ҳам вобаста гаштанд... Вай ҳайрон монд, ки чӣ гуноҳе аз ӯ сар зада...
Шаш шабу рӯзи дигар ҳам бароиш бебехобӣ гузашт...
Гоҳе ӯро ғазаб барад ҳам тарсида бедор мешуд... Хаёлаш ба воқеаю ҳодисаҳои нохуши ба сараш омада...
Гоҳе ба наздаш одамони деҳ, ягон-ягон муаллимон, ҳатто талабаҳо меомаданд, пирон, нафақахӯрон, колхозчиҳо. Мегуфтанд, ки комиссияҳо аз онҳо пурсиданд:
муносибати мудири мактаб ба ҳамдеҳаҳо чӣ хел? Ба кадоми онҳо сухани дурушт гуфтаасту кадоме, аз ӯ дилмонда, ё озоре дида...

Ҷавоб додаанд:

— Рафиқ Исмоил Саодатов одами нек, бофаҳм, соҳибхирад...— Аз маънию мазмуни забонхатҳои ба номи комиссияҳо навиштаашон ӯро огоҳ мекарданд.

пешина
аз 399
навбатӣ