Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ӯ аз назди ҳамин Аброр Кошифу Зоҳирин кӯҳансол гузашт, онҳо аз вай рӯ тофтанд, салом надоданд. Ҳамин хел шудааст: Агар аз одамон кор талаб кунӣ, хоҳишҳои бехудаашонро ба ҷо наорӣ, бадгухар, роҳбарӣ бефаросат ҳисоб мешудай, тамоми шаб нахуфта, мижа таҳ накард. Дар хаёле, ки кӣ аз болои вай навиштаст? Кӣ?!
Саҳar, вақте ба мактаб мерафт, базӯр пой мекашид. Ба назараш комати баландash ҳам зада буд. Дастонаш меларзиданд. «Холо комиссияҳо меоянд, тафтишу санҷиш сар мешавад»... Баъд ба мисли оне ки хонаи занбӯр оташ гирифта бошад, ҳама ҷо пури ғавго, гапи ӯ дар забони хурду калон. «Исмоил Саодатовро тафтиш омадаанд»... Ба онҳое ки вайро чашми дидан надоранд, худо медиҳад... Дар асл ку одаме, ки бадбине надошта бошад. Ин гуна ашхос нест. Чи хеле мегӯянд, дар ин рӯзҳои мо мурдаҳои гӯр ҳам ба душман нестанд, зиндаҳо ба гӯрҳо санг меандозанд, аз душманӣ сангҳои сари гӯри рақибонашонрɔ мешикананд...
Аз долони мактаб мегузашт, мудири илмӣ Ҳаким Азизро дид, ки назди дари хонаи муаллимon меистод.
Вай ҳам дар ташвиш, аз афташ, хеле барвақт ба кор омадааст. Ба ӯ салом дод. Алҳол аз нохушии ба сари ӯ омада танҳо ҳамин одам огоҳ... Ду нафар аз сир бохабар.
— Нагуфтанд, кай омаданианд.
— Пагоҳӣ қатӣ меоем, гуфта буданд.
— Конспектҳои ҳамаашонро тафтиш кунед. Планхоро бинед.
Сари мудири мактаб чарх мезад, аз бехобӣ, аз фикру андешаҳои зиёд. Сараш ба хаёлаш занбӯрхона... Хобаш омадааст. Ё ба хонааш баргардаду «касалам»
бигӯяд. Не, «аз тарс, аз ҳарос касал шудааст», иғво меандозанд. Дар ҳар ҳол бояд ба по истод. Назди рақибон, онҳое, ки ба назарашон чун хор мехалӣ, сарбаланд бояд буд, на парешону рӯҳафтода.
Комиссияҳо омаданд. Кам не, чор нафар. Ҳамроҳашон намояндаҳои колхоз, аз шӯрои ҷамоа ҳам омада
буданд. Муаллимон, китобдорҳо, сарпионервожатий,
ҳатто баъзе сарварони комсомоли синфҳо, фаррошҳо, посбону мудири анбори мактаб, боз як-ду нафар аз
беморхона... Хуллас, ҳама ҳамаро хабар доданд. Комиссияҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор