Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

агар дар миёни коллектив, акалан ду-се нафар хабаркаш надошта бошад, обаш лой, дар ғафлат мемондааст.

«Садкаи некию дилсӯзӣ шавад, ин касофати Исмоил Саодатов», — гуфтааст Фозилов. Аз ӯ вай домангир. Аҷаб не, Фозилов ҳам бо шикоятнависҳо ҳамроҳ аст.

Аз муаллимҷон Файз Содиқов ва Аброр Кошиф ҳам гумон мебарад мудири мактаб. Аброр Кошиф ба газетаҳо гоҳ-гоҳ хабару мақолаҳо менависад. Ба ақидаи худаш, каламаш бурро. Ба ӯ аз кадом як газета ҳуҷҷати мухбири ғайриштатӣ ҳам дода буданд.

Ана ҳамин муаллим аз мудири мактаб як талаб дорад. Ҷои мудири илмӣ оид ба корҳои тарбиявиро ба ӯ диҳад. Гуфтугӯи ӯ бори аввал тамаллуқкорона буд. Исмоил Саодатовро таъриф кард. Ӯ роҳбари соҳибҳирад, боирода, матин... Агар Исмоил Саодатов розӣ бошад, ӯро ба газета менавиштааст, таъриф мекардааст. Баъд ӯ шиносҳо, дӯстонашро, ки дар газета, маҷаллаҳо кор мекарданд, ном бурд. Ҳар яке онҳо меҳмони Аброр Кошиф шуда будаанд, ба хонаҳои якдигар равуо доштаанд.

Аз миён ду ҳафта рафт. Ӯ боз дари утоқи мудири мактабро кушод. Ин дафъа ӯ гӯё одами дигар буд. Аброр Кошифи пешина набуд.

— Ҳамон хоҳиши ман иҷро мешавад? — суолаш дод.

— Чӣ хоҳиш? — худро ба нодонӣ андохт.

— Аз хотирам баромад? Ба фикрам, ман ҳам ягончӣ ваъда мекардам, дар ёдатон мемонд. Ҳамаашро медонам, агар тинчу осуда кор кардан нахоҳед, ихтиёратон... менависам, рӯирост, бо имзои худам, холо давраи ошкорбаёнӣ... Бо хубӣ, бе дилсиёҳӣ кор буд шавад беҳтар...

— Маро натарсонед, гапҳои беҳуда нагӯед.

— Хоҳиши ман иҷро намешавад?

— Не.

— Ана ҳаминро фаҳмиданӣ будам, аз худатон гиламанд шавед, нагӯед, ки агар мо нависем, шуморо ҳеҷ кас ҳеҷ гап намегуфта бошад, вай давраҳои пеш шиносу ошнобозиҳоятон гузаштанд, рафтанд, акнун нооромӣ сар мешавад, пеши моро гирифта наметавонед. Мо бисёрем, кам нестем... — гуфт ӯ ва дари ҳуҷраашро ба рӯи вай сахт пӯшида рафт...

Яқин ҳамин одам навиштагист, як худаш танҳо нест, ҳамгапу ҳамрозҳояш бисёранд, боҳаманд. Дирӯз вакте

пешина
аз 399
навбатӣ