Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
булбули гӯё, мудирро таъриф мекард, ба осмон мебаровард. Ӯро шоду хурсанд мегардонд. Аммо писар ба даҳони Зоҳирӣ зад. Оқибатҳои роҳбарии ин бача ба хайр бод...»
Баъди он рӯз рӯи Зоҳирӣ аз вай чаппа гашт, ӯро дигар таъриф накард. Оё ҳамин одам навишта бошад? -
Муаллим Фозилов ҳам аз мудири мактаб дилмонда. Ин мӯйсафеди миҷморук чанд бор «гап дорам, як гапи махфӣ»... гуфта наздаш даромад ва ҷуръати забон кушодан накарда рафт. Чӣ гап? Чӣ ҳарф? Ӯ напурсид, суханҳои вай нӯки забон мемонд. Ниҳоят ӯ боре ҷуръат ёфта забон кушод. Гуфт, ки рӯҳияи баъзе муаллимон аз ӯ гашта, мудирро бад мегӯянд, дашном медиҳанд.
— Киҳо?
Муаллими кӯҳансол ноилоҷ монд, номи ғайбатчиҳоро зикр намуд. Мудир намонд, ки ин суханчин аз наздаш берун равад. Аз ӯ пурсид, ки оё дурӯғ намегӯяд... Муаллими хабаркаш ба сари фарзандони баркамол, набераҳои азизаш қасам хӯрд.
— Ин тавр бошад, ман онҳоро ҷеғ мезанам, дар ҳозириашон ҳам ҳамин шунидаҳоятонро такрор мекунед.
Ҷон аз дасту пои ӯ баромад, хун дар рӯяш намонд, танаш чун барги бед меларзид.
— Лозим не, ҷеғ назанед, аз шумо хоҳиш мекунам, ин тавр накунед, падаратон ҳам маро медонанд. Он кас ба ман бовар мекарданд, аз туфайли қиблагоҳ ғами шуморо хӯрдам, бехабар намонед, гуфтам. Ман ба шумохо худиам. Ё падаратон нагуфтаанд?
— Гуфтанд.
— Ба қадри ман мерасиданд, мо гӯшту нохун будем.
— Дигар хабаркашӣ накунед.
— Дар миёни ин коллектив баъд дӯсти шумо кӣ мешавад? Танҳо мемонед, бекас, бесоҳиб...
— Шуморо бо онҳо рӯ ба рӯ мекунам.
Пеши пойҳояш афтод ӯ. Вале вай аз ақидааш нагашт, сухани роҳбар бояд қатъӣ бошад. Муаллими кӯҳансолро бо ғайбатчиҳо рӯ ба рӯ шинонд. Баъди ин
дигар наздаш касе хабар наовард... Вале падараш ин
хабарро шунида бисёр ба шӯр омад. Гуфт, ки вай —
Исмоили аҳмак аз онҳое, ки падарашро ҳамеша дастгир буданд, дар мактаб решаҳои ӯ ҳисоб меёфтанд,
якто-якто маҳрум мегардад... Ба ақидаи вай роҳбаре

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор