Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳа, шуморо хуб сиёҳу сафед кардаанд, туҳмат...
Аз шунидани ин хабари хунук дар як лаҳза хушу ёди вай беҷо шуд, хурсандиаш барҳам хӯрд. «Навиштаанд?» хаёлаш ба ҳамин ҳарф... Мудири илмӣ аз хотираш баромад. Вай аз ҳавлӣ рафт. Вале ӯ ҳис накард, назди кат меистод, ба ақидаи худаш, ки ҷӯҷаҳакояш «ғаҷар-ғуҷур» доштанд. Ӯ ба онҳо гӯш намедод: «навиштаанд?»

Оши палави бо ҳунармандии зиёд пухтаи завҷааш дар табак монд... Ба он даст дароз накард.
— Дилам намехоҳад.
— Худатон ош фармуда будед.
— Фармуда будаму намехӯрам.
— Барои чӣ?
— Пурсида нашин, ту пурсанда неку!
— Ё ин муаллиматон ягон хабари хунук овард? — Занаш аз тағйир ёфтани авзои шавҳараш парешон гашт.
— Ҳа-а, хабари нохуш овард, гап бисёр, занак, — фикр кард, ки гуноҳи модари фарзандонаш чӣ? Ин кори душманонаш, онҳое, ки вайро чашми дидан надоранд, қиҳоянд онҳо?

Зоҳирӣ? Ин одам пир шудаасту ҳеҷ гоҳ аз таҳти дил кор намекунад. Фиреб медиҳад, дар сухан ӯ одами меҳнатдӯсту поктинат, вале корҳояш ҳамеша дӯлоб. Пай барад, ки директору мудири илмӣ ба коре аз мактаб рафтаанд, ӯро худо медиҳад. «Ҳаво соф, мулк бедушман», мегуфтааст ва агар дар айни дарсдиҳӣ бошад ҳам, хонандагонро ҷавоб медиҳад, китобу дафтарҳояш дар зери бағал аз синф меравад.

Рӯзи дигар дар маҷлис боз дасти ӯ «чухт». Дар масъалаи интизом, дар хусуси виҷдон ҳарф мезанад... Косаи сабри Исмоил Саодатов пур шуд, тоқаташ тоқ... Суханҳои ин одами дурӯяро шунидан гарон... Ҳафтаи гузашта дилашро кафонд.» Бас кунед, рафиқ Зоҳирӣ, шумо дигар дар ин масъалаҳо забон накушоед. Шумо худатон чӣ гуна одам?.. Киро фиреб медиҳед? Моро аз ҳад зиёд аҳмақ наҳисобед, масхара накунед, бас! Мағз андар мағз фиребу найрангед шумо! Шайтон, аз шайтон бадтар!...» Баъзеҳо гиребон доштанд... Исмоил Саодатов ин қадар одами беандеша, тавба! Рӯяшро бо намакоб шустагӣ барин. Як одами мӯйсафедро шарманда кард-а? Рӯю риояро намедонад, ба рӯи кас торсакӣ мезанад. Писари он падар не... Охир ҳамин Зоҳирӣ дӯсти хонадони онҳо буд-ку. Дар ҳар маҷлис

пешина
аз 399
навбатӣ