Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Падараш роҳбари суст буд, гапу ҳарфаш қурб надошт. Одамони шаттӀоҳ ба сараш баромадагӣ. Лаҷомаш дар дасти ҳама, ба ҳар тараф тоб медоданд. Дашном ҳам, ки мешунид, ҷавоб намегардонд, гӯшҳояшро ба карӣ меандохт.

— Калон, ки шудӣ, бачам, гап мешунавӣ, ҳақорат ҳам, ки кунанд, дам намезанӣ, — мегуфт ба Исмоил.

Ӯ аз рӯзҳои аввали ба ҷои падар ба сари вазифа омадан баръакси корбарии вай амал кард. Ҷилави одамони саркашу шаттӀоҳро, ки ба падараш гӯш намедоданд, кашида меояд. Барои ҳамин ҳам онҳо аз гапи ӯ сар намепечанд, аз фармоишҳояш намебароянд. Вай пеши ягон нафаре забонкӯтоҳ нест... Қораш пешрав. Ана масъалаи бунёдии ду синфхона ва китобхона ҳам ҳал шуд. Падараш бошад, дар ҳамин қадар солҳои роҳбариаш як парта ё як курсӣчаяи мактабро нав накард. Хиштеро, бо ақидаи баъзеҳо, болои хишт намонд. Падар дар ин масъала ҳам андеша мекардааст: «Як хона, ё ҳезумхона созед», гуфта дар ба дари идораҳои боло рафтани роҳбар хуб не, худаш пеши калонҳо рӯшум, эътибору нуфузаш гум мешудааст. Агар бисёр шилқинӣ кардан гирад чӣ? Аҷаб не, дар масъалаи чунин роҳбар ба фикр афтанд ба хулоса оянд. Ана инро бо дасти худ рӯй сиёҳ кардан мегӯянд... Одами беакл, бефаросат ин тавр мекунад, одами солим, бо калла, боақл не... Барои хуб гаштани шароити кадом як муаллиму осудагии кӯдакон вай гирифтори қаҳру ғазаби калонҳо шудан намехоҳад. На, ҳаргиз... Дидааст, ки ҳамин хел роҳбарони бисёр талаб мекардагӣ аз вазифа холӣ шуданд, чак-чак зада монданд... Фиреб хӯрданд... Падар ба Исмоил дар ин бобат ҳам маслиҳат дод...

Исмоил ҳанӯз банди хаёлҳо буд, ки мудири илмӣ Ҳаким Азиз дарвозаро кушод. Ҳа, Исмоил ӯро аз хотир баровардааст. Имрӯз вайро ба район, ба идораи мудири маориф чеғ зада буданд. Исмоил Саодатовро не, мудири илмиро. Чаро? Чӣ масъалае будааст, ки ба вай нагуфтанд. Сирри аз ӯ пинҳон?

— Биёед, марҳамат, — ба пешвози Ҳаким Азиз аз ҷояш бархост, — кай баргаштед?

— Ҳозир, — табъи мудири илмӣ хира буд.

— Ин қадар дер?

— Гап бисёр, рафиқ Саодатов, пагоҳ ба мактаб комиссия меояд. Навиштаанд.

— Навиштаанд?!

пешина
аз 399
навбатӣ