Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
кунад, нагузорад, ки онҳо шармсор шаванд. Хоҳаруш номаъқул кардааст, тағо ақлашро нахӯрдааст. Ба хоҳари ӯ обрӯ лозим бошад, ба тағо вазифа азиз. Зеборо ба тағи нафас кашид. Як одами калон — директори мактабро гӯё он рӯзҳо кори заруртаре набуд, бо Зебо ҳамеша ҳамсӯҳбату ҳамгап. Фарҳодҷонро назди ӯ ситоиш кард... Ӯро дар ақлу фаросат, зебоӣ ба осмон баровард. Одам не, фаришта шуморидаш. Ҷавони китобхоначӣ нисбати ӯ кӣ? Патаку пайтоба, як камсавод. Ҷою манзиле нодида. Ташвиқу таърифҳояш кора кард. Меҳри ҷиянаш ба Фарҳодҷон зиёд гашт, ба дили ӯ тағо оташ андохт, ба дараҷае, ки минбаъд аз номзадаш рӯй гардонд...
Бо Фарҳодҷон ҳамроҳ, аз паси муаллим кашола. Ҷавони китобдор аз Фарҳодҷон домангир, сояи ӯро аз деворҳо метарошид, дилаш пуркин, пургазаб. Масъала, ба фикри мудири мактаб пухта буд. Навбат ба китобхоначӣ. Бо ӯ ҳамагӣ чанд лаҳзаҳакак сӯҳбат кард. Сӯҳбат ҳам не, ба сари оташи ҷаҳлаш каме равған пошид. Гуфт, ки агар мард аст, номусашро ҳифз намояд, ба ҷои ӯ ин корро каси дигар намекунад. Худаш ҷон коҳонад, мудир ба вай мададгор. Боз гапҳое гуфт, ки худаш медонад-у ӯ. Вайро бардор дода-бардор дода девона кард, ба сари Фарҳодҷон давонд. Ба ҳам дарафтоданд. Занозанӣ, сару рӯ, даҳону биниҳо пури хун, хонандагон, аҳли деҳа тамошобин. Мактаб пури гап, пури ғавғо. Аз району идораҳои боло одам омад, як нӯги ҷанҷолро ба идораи милисаҳо кашиданд. Аз директори мактаб илоҷ пурсиданд. Гуфт, ки ҳарду ҳам худозада, кал додари кӯр, аз мактаб пеш карда шаванд. Рафтанд онҳо. Вале аз мудири мактаб гиламанд не, аз ҳамдигар дилмонда...
Ана ҳамин хел ҳунарҳо дошт падар дар роҳбарӣ. Исмоили ӯ чӣ? Бо овози баланд, рӯирост, беибо гап заданро медонад. Дар роҳбарӣ ошкоргӯй, овози баланд кардан кор намедиҳад.
— Исмоилҷон, ба ман гӯш деҳ, вагарна ҳолат ха-роб мешавад,— гуфт ба ӯ падар,— ақалан роҳи соз-омадай, сулҳу салоҳро пеш гир бо одамон,— ноумедо-на ба вай таъкид кард ва мисраъҳои зерро хонд:
Осоиши ду гетӣ, тафсири ин ду ҳарф аст,
Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро.
Бархилофи гуфтаҳои падар Исмоил фикр мекард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор