Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ба роҳҷӯй, забонёбӣ... Медид, ки касе ба ӯ душманӣ карданист, фориғбол намешуд, аз паяш меафтод. Аввал хубию нағзӣ мекард ба ӯ. Қоре бо хубӣ буд шавад, бадӣ чӣ лозим. Бадӣ — дилсиёҳӣ. Соати дарсӣ мехоста бошад ин хел одам, медод, ки қадаре хоҳад... «Ин хел одамҳо саганд». Меандешид ва бо ақидаи худаш, бо ҳар «ав» гуфтани онҳо ба даҳонашон устухон мепартофт, дамашонро мегиронд. Бо ин роҳ агар намешуд, баъд ночорамонд, аз пайи роҳҳои дигар меафтод. Албатта аз ноиложӣ. Охир агар бародарҳои ҷони ӯ бошед, худатон фикр кунед: Душман думи вайро сар надиҳад, тахта-тахта қоғазро сиёҳ кунад, аз болояш ариза нависад, сари роҳаш чоҳ биканад, магар ӯ девона аст, ки хомӯш дастҳо болои даст бинишинад... Не, вай ҳам ақлашро нахӯрдааст, фаҳмишу фаросати ӯ аз дигарон даҳ баробар зиёд... Агар хоҳад ба шайтон сабақ меомӯзад, бо шайтон ба дастгири ӯ баробар не. Атрофи рақиб тор метанад, торҳое, ки ӯ намебинад, надида дармемонад, ба халосгар зор. Ниҳоят аз худи вай мадад мехоҳанд, аз ӯ гиламанд нашуда... Ҳатто сипосгузорӣ ҳам шунидааст.
Кадом як солҳое ба мактаб муаллими ҷавоне омада буд. Номаш дар хотираш мондааст. Фарҳодҷон. Ҷон нашуда немурд. Бачаи сабук, бефарҳанг будааст. Ба ӯ часпид. Як соли дароз гуноҳҳояшро кофт. Бо хубӣ, бо нағзӣ огоҳаш кард, илтимос, зорӣ намуд, ки ба вай кордор набошад. Дархостеаш бошад, бигӯяд, ба хонааш ҳам ӯро бурд, зиёфат, забони ширин дод. Ҳама медиданд, ки ӯ чӣ ҷавобе дар ивази бадиҳои он «кӯдак» раво мебинад. «Намакзада», гуфтанд мардум вайро. Эътиқоди одамон аз ӯ гашт. Вай ҳанӯз бо ӯ дар роҳи некию нағзӣ... Вақте фикру хаёлаш ба ҳалли ин масъала... Ниҳоят рӯзе кушоиши кор рух дод. Хабаре шунид, бовар накард. Аз пайи аниқ намудани он ҷадал намуд. Рост будааст, чапак зад. «Худо дод», гуфт.
Чиянаш Зебо мушкилкушои ӯ. Ӯ ҷомзад дошт, номзадаш китобдори мактаб. Ҷавони нағз, ба худаш муносиб. Ба ҳамин Зебо хуши Фарҳодҷон кашол будааст. Мардум пай бурдаанд. Муаллим ошиқи шогирдаш. Ана барору мана барор. Ривоҷу пуршарушӯр гаштани ин ишкро хоҳон буд ӯ. Ҳарчанд хоҳараш, ки ӯ ҳам аз ич беаклии Зебо бӯбар шуда будааст, пемаш омад, илтиҷою зорӣ намуд: Бародари мӯътабараш Зебою баъд он муаллими худозадааш — Фарҳодҷонро ҷангу сарзаниш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор