Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ШИКАСТИ ПАДАР

Аз мактаб баргашт, табъаш хушу хотираш болида. Иҷозат гирифт, ки боз ду синфхона созад. Бинои китобхона васеъ карда мешавад. Барои ин ӯ, албатта, кам ташвиш накашид, кам надавид. Идора ба идора, ба району марказ рафт. Хоҳишу талаб намуд. Ҳар коре шуд, ки мақсадаш ба ҷо омад. Хонандагони синфҳои ҳашт дар як парта ба ҷои се-чор нафарӣ акнун дукасӣ, бароҳат, осуда мешинанд. Минбаъд муаллимон аз мудири мактаб домангир не. «Кор, ки талаб мекунед, шароити моро ҳам аз хотир набароред-дия», намегӯянд, забонашон пеш немеравад... Умуман корҳояш пешраванд. Дар чанд шӯрои педагогии район ҳам таъриф шунид. Аз ин ҷиҳат ба падар гуфт. Аммо ӯ ҳанӯз дар ҳамон ақидааш: Исмоил одами ба роҳбарӣ мувофиқ не, дағал, аз гапаш намегаштагӣ. Бо ин хел хислатҳо вай дур немеравад, дармемонад, менависанд, «бардоред ин хел роҳбарро аз сари мо», мегӯянд. Ҳар кор карда метавонанд. Ба таърифҳои мудири маориф ва боз ким-киҳои дигар ғарра бошад. Агар аз болои ӯ як илик хат пайдо шавад, нависанд, ки Исмоил гуноҳ дорад, тамом... Ба халосгар зор мешавад, ба бало мемонад. Ҳамаи ин дӯстони меҳрубонаш, ки ҳоло «серталаб шав, суст набиё, ба гапи худат ист...», гуфта ба вай роҳ медиҳанду тӯша не, онгоҳ худро аз ӯ канор мегиранд, ба худи ӯ мечаспанд. «Ӯҳданобаро, бо зердастон соз омада наметавонад», таъна мешунавад. Ана баъд худаш медонаду худо. Аз кӣ мадад пурсад? Намедонад. Ин хел рӯзҳо аз сари падар гузаштаанд, сӯхта-сӯхта таҷриба андӯхтааст. Беҳтараш Исмоил ба худи ӯ гӯш диҳад, худи падар мушкалкушои вай, меҳрубони вай... Магар Исмоил намедонад, ки падар чӣ кор мекард. Қариб сӣ сол ҳамин чавкии мансаби ӯ дар ихтиёраш буд. Дар ҳамин қадар солҳо нагузошт, ки гапи байни коллектив аз мактаб барояд, шабу рӯз хаёлаш

пешина
аз 399
навбатӣ