Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Сахв кардам.
— Бузане, — кадом яке амр дод...
Акнун вай мезаду онҳо, онҳо бисёрӣ, вай яке. Чанд-каса. Дасташро ба пушт тоб доданд. Замину осмон пеши чашмонаш гирдгардон, сӯзише аз синааш сар зад. «Оҳ» хуни гармаш гиребони куртаашро тар намуд... Дастонаш раҳо хӯрд. Тӯдаи гургон аз ӯ дур шуданд. Чароғи ҳавлие аз наздикӣ фурӯзон шуд. Аз афташ, ӯ дод гуфтааст, фарёдаш ба гӯши одамон расидааст. «Зиндаам», аз пой наафтод. Осмон гирди сараш мегашт замин ҳам, замон ҳам... Аммо аз ҳавлӣ одаме берун нашуд. «Оҳ одамон, одамон.....» Чароғ хомӯш шуд... Боз дар ҳалқаи авбошҳо монд. Ба хаёлаш, ки акнун аз хуш рафта буд, гӯё хоб медид. Мушту лагадкӯб боз ба сараш меомад, захмҳои нави корд ба баданаш, пайкараш зери лату кӯб талқон мегашт.
Хунук хӯрд, чашмаш кушода гашт, намурда будааст, даруни ҷӯй афканда буданд ӯро. Не, зинда аст, ситораҳо болои сараш дурахшон, ӯ онҳоро медид... Завчааш нахобидагист... Дур наравад, гуфта буд. Худаш бехабар, аз миёни роҳ бехудона сӯи хонааш қадам мемонд. Завчааш нигарони ӯ... «Ана ман омадам» гуфта аз дар медарояд, меҳаросад ӯ. Чӣ гӯяд? «Шаҳри худамон, маҳаллаи худамон, ҳама ҳамзабону фарзандони худамон. Аз онҳо ҷои ҳарос, ҷои ҳазар не», мегӯяд. Нурҳои чароғи беруни хонааш ба чашмаш афтод... Модари фарзандонаш.
Дари хонаашро тела дод. «Наҳаросед, ҳамин тавр шуд»... Ҳамин суханҳои охирини ӯ ба гӯши завҷааш расид. Чароғи хона ба назараш хомӯш шуд. Ҳама ҷо тира... Ӯ гуфта натавонист, ки ҳамзабонҳо, фарзандони беакли миллаташ, чун селаи гургон ба вай дарафтоданд... Ин ҳарфҳо дар дилаш монданд, ба монандӣ асарҳои нонавишта, орзуҳои ношикаста, суханҳои ширини ногуфтааш...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор