Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

мушт аз зери манаҳаш бардоштанд, дандонҳояш шакаррос заданд. Таҳқираш карданд, хун дар баданаш ба ҷӯш меомад, мехост, бо тамоми овоз ба онҳо гӯяд: «Не, номаъқул кардед, ман барои ҷони худам шуда, ба сари дигарон бало намебиёрам, ман ин хел одам нестам... Дасти Расул бо кордаш ба сари касе дигар баланд намешавад. Ман як бор саҳв карда бо гапи модари Ноёб даромадам, дар миёни одамон ҳисоби як одамкуш беш гашт, бо айби ман аз раҳмдилии ман»... Баъд ӯ мехост, ба майдон дарояд, ҳам ин ҷавони қоматбаланди болои сараш ва ҳам худи ҳамон бачаҳаки ёшро, ки лагаде ба синааш зад, як ақлу тамиз омӯзад. Чунон зарбаҳое ба сарашон орад, ки нафас бароварда натавонанд...

Ба хаёлаш духтараки беморе расид, ки пагоҳ худи ӯ вайро ҷарроҳӣ кардани буд... Каси дигаре дар республика ҳанӯз нест, аз ӯҳдаи ин ҷарроҳии хеле душвору нозук барояд. Балки дар Осиёи Миёна ҳам ба монанди ӯ олиме не, ки ба ин тариқа ҷарроҳӣ қодир бошад... Ҳамин хел беморҳои вазнин алҳол дар клиникааш ҳашт нафаранд... Усули табобати онҳо ба як ӯ маълум. Дар шаҳри Москва ҳам ба ӯ қоиланд, ки баъзан бо як назар дарди беморро аниқ муайян карда метавонад... Вайро барои Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат олими рақами яки соҳаи тиб медонанд... То мамлакатҳои калони дунё шӯҳрати ӯ рафтааст, китобҳояшро мехонанд... Даъватномае, ки аз Англия ба номи ӯ — як нафар олими тоҷик омадааст, ҳоло болои мизаш... Ана ӯ ҳамин хел одам — одами нодири ба сад дард даво, ҳоло дар ҳалқаи як даста «сағераҳои» мӯйдарози аз ақлу заковат тиҳӣ, дар ҳалқаи бачаҳои тиҳимағзе, ки аз даҳонашон бӯи бади наша меояд... Дасту рӯйҳо ношуста, чиркҳои гардан як ваҷаб... Инҳо ҳам тоҷик... Риштаи умри як нафар олими машҳури дунё дар дасташон, бо он бозӣ доранд... Дар хона завҷааш чашм ба роҳи ӯ... Магар аз миёни ин тӯдаи авбошҳо роҳи халосӣ меёфта бошад? Дар хаёлаш ҳам марг ҳам зиндагӣ, зиндагӣ, лекин на бо шартҳои пешгузоштаи инҳо...

— Ноёбро намешиносӣ? — лагате ба миёнаш хӯрд.
— Ман кай гуфтам ӯро намешиносам?
— Ҳозир.
— Расулро озод намекунӣ?
— Аз дасти ман ин кор намеояд.
— Ноёбро озод кардӣ-ку.

пешина
аз 399
навбатӣ