Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Расул танҳо нестай, мо бисёрием, барои ин ҷавоб мегӣ, мо зиндаем, — шунид овозеро ва зарбаи саҳте ба сараш хӯрд, бо мушт не, бо оҳан ӯро заданд. Ҳамин хел муштҳо, зарбаҳо ба сару рӯяш омадан гирифтанд. Ҳамлаи гургҳо ба ӯ сар шуд. Кӣ аз кадом тараф мезад, аниқ намедонист.

— Истед, бас, назанен, бачаҳо, — фармон дод яке, ки нисбати дигарон калонсолтар ва қадбаланд буд. — Муаллим, — дасташро ба болои китфи ӯ партофт, — пештар биё, Ноёб, — ӯро наздикаш хонд. — Ҳамин одама мешиносӣ? — аз ӯ пурсид ва кордро аз ҷайбаш кашид.

— Ҳа, ман ин касро мешиносам, — гуфт.

— Намешиносам намегӯӣ?

— Шарти дигарамонро ба ӯ гӯй, — луқма доданд.

— Расул ҳам озод шавад.

— Ман духтур, ман раиси суд ё прокурор нестам.

— Бо гапи ту Ноёб озод шуд-ку.

— Ман дигар ин хел кор карда наметавонам, бачаҳои нағз.

— Метавонӣ, ин дафъа аз тарси ҷонат мекунӣ, ба Ноёб ҳам ҳеҷ гап нашавад.

— Ман дигар Ноёбро намешиносам, — нафраташ аз ӯ бештар гашта буд.

— Нағз, намешиносам, гӯй, ба ин шартамон розӣ шудӣ, дар масъалаи Расул чӣ мегӣ? — мушташро ба зери манаҳаш бурд ҷавони қоматбаланд ва дасти дигарашро аз китфи вай намегирифт... Ӯ хомӯш буд. Чашми тӯдаи одамони аз ақл тиҳӣ ба вэй ба монандӣ дарандагон нафас мекашиданд...

Назари ӯ ба осмон шуд. Барф аз боридан монда, ситораҳо аз ҷо-ҷои он ба ӯ гӯё назора доштанд... Дунёи зебо, дунёи куҳан, дунёе, ки чӣ қадар инсонҳо дар он зистанду гузаштанд. Таърихи пайдоиши замину осмон, пайдоиши инсон ҳанӯз аниқ маълум нашудааст, ба ҳисоби миллиону миллиард солҳо... Як умри одамӣ бошад, хеле нокирой, аз чил ки гузарӣ рӯ ба пирию афтодагӣ... Ин гурӯҳи тирааклон, ки вайро иҳота кардаанд, оё дар дунё ғанимат будани одамӣ — худашонро рӯзе дарк мекарда бошанд?»

Чашмаш ба ситораҳо буд. Оё онҳоро ӯ бори охир медида бошад?

— Чӣ фикр кардӣ? Ба шарти бачаҳои мо розӣ мешавӣ? Ту назди мо духтар некӯ, ҳа ё не бигӯ, — бо

пешина
аз 399
навбатӣ