Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ҚАДРИ МОДАР
Қампири Сабрия аз кӯчаҳои сокиту хомӯши деҳа роҳ мерафт. Барф меборид. Барф болои рӯймоли нимдошти ба сар печондаи ӯ меафтод, рӯи роҳ ба тадриҷ сафед мешуд. Пиразан ҳар бегоҳ вақтҳои охир ҳамин хел аз хонаи ҳамсояҳо дер меояд. Бо эҳтиёт дарвозаро кушода, ба хоначааш даромада сар ба болин мениҳад. Вай барои он дергоҳи шаб ва боэҳтиёт ба хонааш меояд, ки келину писараш огоҳ нашаванд. Аз рӯзе ки ӯ ба хона келин овард, ҳолаш ҳамин. Ситораи кампири Сабрия ба вай нафорид. Аз як ҷиҳат аз дил мегузаронад ӯ, дуруст аст, ки духтарак аз вай ҳазар мекунад. Ӯ пири фартуту бадард шуд. Шабу рӯз «пуҳ-пуҳ» месулфад, гӯшу майнаи ҳамаро хӯрдааст. Мӯйҳояш сапсафед, чашмонаш чӯкидаанд, ожангҳои рӯю пешонааш огарди замини шудгор барин, ҳалтаҳои пеши чашмонашро намегӯед. Худашро дар оина бинад, меҳаросад. Офарин ба духтари мардум, албатта, ҳазар мекунад.
Кампири Сабрия як одати дигар ҳам дорад: танҳо ки монд, худ ба худ ё гап мезанад, ё ғазалу рубоиҳои медонистагиашро говзанбӯр барин «бинг-бинг» мехонад, ҳофизӣ ҳам мекунад. Ҳамин одат ба вай баъди марги шавҳараш ёр шуд. Ана дигар аз ин одат ҷудо шуда наметавонад. Баъди келин фуровардан он ба сараш бало шуд. Ин духтар ба тамоми деҳа овоза кардааст, ки аз хушдоманаш меҳаросад, дар хона аз вай дилаш ваҳм мекунад. Одами сиҳат нахоҳад худ ба худ гап зада шеъру ғазал хонад девона аст ин кампир. Модари келин ҳам занаки берӯй будааст ду пойро ба як мӯза тиқондааст, ки духтарашро мебарад, духтари бесоҳиб надорад, ки ҳамроҳи кампири девона зиндагӣ кунад, фарзандаш ба вай азиз аст. Ба Талбак ӯ гуфт: агар ба вай оғӯши гарми зани хушрӯ форад, илоҷи модарашро ёбад.
Баъди ҳамон рӯзҳо кампири Сабрия тарки одат карданӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор