Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Нозимӣ ба идораи газета нав ба кор омада буд. Ҷавони шармгин. Ба рӯи касе нигоҳ карда наметавонист. Сарпаст, гапдаро, гӯё «не» гуфтанӣ ҳарфро намедонист. Шафиӣ аз муҳаррир розӣ буд, ки чунин як муҳбири гапдаро, боодобро ба ихтиёри ӯ овард. Хабару мақолаҳоро таҳрир мекард, ба муҳбирҳо ҷавоб менавишт... Хуллас, чӣ коре ба ӯ мефармуд, баҷо меовард. Шафиӣ дар назди ӯ гӯё бузургворе... «Муаллим», мегуфт вайро... Барояш рӯзе чанд бор чой дам мекард, чой мекашид, боэҳтиром ба ӯ чой медод... Лекин, чӣ хеле бо тамасхур, баъзеҳо мегӯянд, Шафиӣ ошиқи чой не, об ба қурбоқа насиб кунад, вай ошнои дигар чӣ. Арақ ба ҷони вай дармон. Шабҳои навбатдориаш агар нанӯшад, ҳарфҳо гӯё ба чашмаш наметобанд, «каллааш кор намекунад». Ин одати «нек»-и устоди мӯҳтарам аз назари Нозимӣ ҳам пинҳон намонд. Кӯр набуд ӯ. Медид, ки дар пешаш «муаллим» ба пиёла арақ мерехт. Аз кисааш пул кашида мегуфт: «Афзалшоҳ як нимтагӣ». Вале ӯ шарм дошта «не, муаллим, худам мебиёрам, пул ҳаст», гуфта аз кабинет мебаромад. «Садкаат бушам, Мавлонзода, бо ҳамин шогирди овардаат», завқ мебурд, хурсанд шуда кафи носро ба таги забон мепартофт.

Шогирдаш арак меоварду худаш наменӯшид.
— То ҳол ба даҳон нагирифтаам, наметавонам, муаллим,— бо дили соф «гуноҳаш»-ро ба гардан мегирифт Нозимӣ.
— Нанӯшида бошӣ, нағз, нанӯш, писар,— аввалҳо тарафдори ин заҳри котилро ба даҳон набурдани шогирдаш буд.— Аз ин писар, ҳеҷ кас обрӯ наёфтааст, ки ту изатманд шавӣ. Моҳо аз маҷбурӣ мегирем, одат шудааст,— ҳатто ба вай панд мехонд, ки аз он худро дур бигирад. Аммо баъдтар ҳис намуд, ки ӯ нодон не, бало. Бо сарпастӣ, гапгирӣ, фармонбардорӣ ба дили ҳамаи аҳли редакция ҷой ёфт... Теззеҳн, кори газетаро ёд гирифт, мақолаҳои калон-калон менавиштагӣ шуд, каламаш бурро. «Ин бача оянда дорад», боре муҳаррир ӯро пеши ҳама таъриф кард, таъкид намуд, ки ба ӯ мадад расонанд. Нафориданд ин гапҳо ба вай. «Ояндадор». Ба ҷои Шафиӣ, аз афташ, вайро мудири шӯъба таъин карданианд, ҷояшро ба ӯ доданианд. Хуши ин касофат ҳам ба вазифаи Шафиӣ кашол. Ҳамин ки аз кабинет барояд, Нозимӣ аз ҷояш хеста ба паси мизи вай омада мешинад. Телефонро пеш мекашад, пойҳо

пешина
аз 399
навбатӣ