Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
барои Мавлонзода мувофиқ фаро расиданд. Шикоят кардаанд! Поида шишта буданд, фурсат ёфтанд. Ба дили ҳамаашон.
— Нозимӣ кай меояд? — Баръакси хаёлоти Шафиӣ гапро ба дигар сӯ бурд Мавлонзода.
— Баъди нимрӯзӣ.
— Ҳамин бачаро ба роҳи дуруст наандохтед шумо, насиҳат накардед...
— Ягон воқеа рӯӣ додааст, муаллим? — Аз ҷояш нимхез шуд Шафиӣ.
— Рафиқ Шафиӣ, илтимос, шумо маро муаллим нагӯед, чанд бор гуфта будам, таъкид кардам. Охир шумо аз ман калон, айб аст,— сарзаниш кард Мавлонзода.
Аҷоиб хислате дорад ин касофат, дар хусуси Мавлонзода фикр мекард. Бо эҳтиром ҳам бо ӯ гап занӣ, ганда мегӯяд одамро. Тоқати гармию хунукӣ надорад. Ҳайрон мешавӣ, ки бо ӯ бо кадом забон ҳарф гӯӣ. Бо ҳеҷ роҳ дили вайро ба даст гирифта натавонист. Чӣ зот, чӣ одамест Мавлонзода? Бало ба пасаш!
— Хуб шудааст, Рафиқ Мавлонзода. Узр, дигар такрор намекунам.
— Бахшиш напурсед, Шафиӣ, шумо бо ҳамин хел тарзи гуфтугӯ одат кардаед, нағз не, қадратонро паст накунед.
— Рост мегӯед, рафиқ Мавлонзода.
— Бо Нозимӣ чӣ кунем? Занашро партофтааст, нағз накардааст, кӯдак дорад, якто не, дуто.
— Медонам.
— Медонеду насиҳат накардед, нагуфтед, ки фарзандҳояшро миёни роҳ нагузорад, ғами онҳоро хӯрад.
— Гуфтам, сад бор гуфтам.
«Ариза аз болои Нозимӣ! Занаш навиштааст. Панду насиҳатҳояш, аз афташ, ба ин зани ҳафтафаҳм кора карданд. Навиштааст, Мавлонзода гап шунидааст. Вагарна Нозимиро бад намегуфт. Хуб шуд, худо бо дили вай ҳам кор кардааст...» Шафиӣ шод гашт.
— Вай, рафиқ Мавлонзода, аз худ рафтааст. Занашро партофт, кӯдаконаш парешон, чашмашон ба роҳи падар, вай бошад, масту аласт.
— Ҳоло ҳам менӯшад?
— Ҳа.
— Айби худатон, — гуфт Мавлонзода. — Муҳаррир гуноҳро боз ба гардани худи Шафиӣ гузошт. Гапи нав не, ҳар рӯз мешунавад, рост ҳам мегӯяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё