Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
рӯи по. Як худнамоӣ-катагиҳое мекунад, ки ҳайрон мемонӣ... намегӯяд, ки чашми Шафиӣ сих мезанад, вай ҳам одам аст, қаҳраш меомадагист. Не, ин гапҳо ба хаёлаш ҳам намеояд. То «хез», нагӯяд, аз паси мизи вай намеҷунбад. Тавба, гӯё ҷои вай шакарак дошта бошад, худо занад ту вазифаҳоятро... Ана ҳамин ҳодисаю воқеаҳо Шафииро ба худ овард. Ба таҳлуқа афтод. Ғами худашро нахӯрад, кӣ парвои вай дорад...
Арақ ки меовард, дари шӯъбаро аз дарун занҷир меандохт, ба ду қадаҳ арақ мерехт, яке барои худаш, дигаре ба Нозимӣ. Баъд, ба гуфтае, ба золию қоли медаромад.
— Гиред, Афзалшоҳ, камакак, ашки булбул барин. Агар нагиред, ман аз шумо хафа, малул, як култ ҳам ба даҳон намебарам, ба худо рост мегӯям... Ҳар дуямон ҳамроҳ, ки кор мекунем, бояд аз гапи якдигар набароем, якдигарро ҳурмат кунем. Гиред, сухани мана нашиканед, фоида дорад.
Пиёлаи арақ дар даст як одами мӯйсафед аз ҷояш мехест, бо дастони ларзон пиёларо ба лаби Нозимӣ мебурд, дар дасти дигар газак... Ба ҷону ҳолаш намемонд, коре мекард, як қатра-ним қатра менӯшонд ӯро.— Ба ҳаминаш ҳам шукр,— мегуфт ба худ, механдид. Муаллим Нозимиро ба ин роҳ кашида тавонист, ҳар рӯз аз дирӯза бештар менӯшидагӣ шуд, одат кард, дил баст, хумораш мегирифт ӯро. Шафиӣ бехабар, ки гоҳ-гоҳе худи Нозимӣ шишае дар бағал аз дар медаромад. Барои нӯшиданашон баъзан сабабҳо пайдо мешуданд. Бисёр буданд сабабҳо. Мақолаи муаллим ё шогирд дар маҷлис баҳои хуб мегирифт, таъриф мекарданд, «мешустанд», ягон материали шӯъбаашон ба гӯшаи сурх ва ҳатто баъзан ба гӯшаи сиёҳ ҳам пешниҳод шавад, устоду шогирд ин ҳолро қайд мекарданд: арақ меоварданд. Мукофот гиранд ё ҷазо бинанд ҳам «мешустанд»...
Нозимӣ рӯзи аз ҳамсараш,— аз модари Меҳрубон ҷудо шуда ба идора омаданаш ниҳоят хафаю ошуфта буд... Ҳеҷ гапу ҳарфе ба вай намефорид. Чӣ тавре мегӯянд, ҳолашро худаш медонисту худо. «Худатро аз даст надеҳ, Нозимӣ, мард бош! Аз пайдоиши дунё зан сар медиҳанду зан мегиранд, ин рӯз ба сари як ту наомадааст... Аз як ҷиҳат ту хушбахт ҳам ҳастӣ... Як паризоди дигар, ба қавле, очааш мучӣ накарда аз пасат кашол, ҷонаш дар бадани ту, меҳрубонат, ғамхорат... шукр гӯй. Агар ӯ фаҳмад, ки хафа шудаӣ, чӣ мегӯяд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё