Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳамин оҳу афғон дар муқобили авбош мубориза мебурд. Ҳамин тавр аст, ҷон ба ҳама ширин. Агар кас ба душмани ҷон — кушандааш ҳеҷ кор карда натавонад, оҷизу нотавон афтад, албатта, афғон мекунад, дод мегӯяд, бо умеде, ки халосгаре ёбад, бо умеде, ки ба дили қотилаш раҳм андозад, бо умеде, ки худро аз дами теғ, дами нобуд шудан раҳонад... Духтар, барои ҳамин ҳам дасту по мезад, аз нола овозаш хаста гашт. Ва чун авбош ӯро раҳо доду ба имдоди рафиқаш Ноёб шитофт, духтар ба ҷониби роҳи калон давид. Акнун ӯ монда буду он ду авбош. Ӯ чун қаҳрамонони дар асарҳо хондааш бо ҳардуи онҳо занозанӣ дошт, ҳар ду ҳам ба ӯ наздик омада наметавонистанд, танҳо мушт, лагад зарба паи зарба мехӯрданд... Олими мӯътабар гӯё шери майдон буд, пайкараш ба чашми онҳо бузургтар, босалобаттар метофт... «Ин дафъа ман худам туро ба паси панҷара мебарам, худам туро соҳиб мешавам»,— мегуфт ӯ ба Ноёб... Духтар дур нарафта будааст. Лаҳзае нагузашта ҳамроҳи одамон омад. Ноёбу Расул рӯ ба гурез оварданд. Баъд ӯ аз паи мадад ба он ҷавони захмин шуд.

Ҳамин тариқ ӯ шаби гузашта хеле дер ба хонааш баргашт. Чашми завҷааш ба дар, ба роҳи ӯ.

— Дер омадед, додош,— норизо буд. Ба ӯ вай ас­ли воқеаро нагуфт. Вай аксари рӯзҳои нохуш, ғурбат­ҳои шунидаашро аз завҷааш пинҳон медорад, ҳамаи гапро ба ӯ намегӯяд, намехоҳад, ки дилашро ҳиҷил гар­донад. Бори ғаму аламашро дар зиндагӣ танҳо каши­дан мехоҳад. Ташвишҳои рӯзгор, ташвиши фарзандон ҳам ба дӯши ӯ бори зиёд, заҳмати занҳо кам не, ки боз нохушии ба сари шавҳар омадаро ҳам бо ӯ бубинанд. Дили онҳо нозук, бардошти ғам, олами зиёд надорад...

Пагоҳӣ офтоб рух натофта занги дари хонаашон са­до дод. Модари Ноёб омада будааст.

— Муаллим канӣ? — пурсид.

— Чӣ мекунед?

— Кор дорам, келин.

— Хобанд, шаб дер омаданд,— дили завҷааш наме­шуд, ки ӯро бедор кунад. Кампир дари ҳуҷраи ӯро ка­шид. «Муаллим» овоз баровард. Ӯ аз хоб хест.

— Муаллим, мадад расонед, хонаам аз милисияҳо пур, Ноёбро мекобанд. Ноёб канӣ мегӯянд. Мегӯянд, ки Ноёб шаб кадом одамро задааст, дурӯғ мегӯянд, муаллим, рӯяшонро сиёҳ мекунанд. Ҳамин шаб бачаам

пешина
аз 399
навбатӣ