Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Насиҳатҳои ман ба ҳаво рафтанд? Чӣ гуфта будам?
— Гум ша, ё мегӣ, ки ҳамия сар диҳуму худута букапум, бушапум.
— Ҳамин тавр кун, ман гунаҳкорам, ман туро озод кардам, кафил шудам...
— Налак.
Аз муштҳое, ки Ноёб ба сари ҷавон паи ҳам мезад, ин суханҳо ба олим сахтар расиданд. Касе ба ӯ «гум шав, налак» мегӯяд, ки барои аз ҳабс озод шуданаш паси дари вазиру судҳо соатҳо навбат поид... Аризаҳо навишт, илтимосу хоҳиш кард... «Ман депутат, ман вакили халқ, талаб мекунам», гуфт.
— Ҳайвон, — ва ба Ноёб наздик омад ӯ. Дасти Ноёб баланд шуд, дами корд пеши чашмонаш дурахшид.
— Назан! — дасташро доштанӣ шуд, вале фурсат наёфт, корд ба ҷавон хӯрд. Оҳи ҷонгудози ӯ баланд гашт, пеши пойҳои Ноёб афтод. Вале дили Ноёб ба ин ҳам хунук нашуд. Ӯро, одамеро, ки дар дами ҷонканӣ буд, лагаткорӣ мекард, ба сар, ба чашму рӯяш лагат меандохт. Духтари машҳур бераҳмӣ, ваҳшонияти инсонро нисбат ба инсон пеши назар медид, одаме, ба сари каси дар дами марг буда ба по мезад, ки ӯро худи вай аз ҳабс озод намуд, таҳлука кашид. Ана натиҷаи кори хайри ба ҷо овардааш... Духтарак, аз дидани ин ҳол чанд лаҳза хомӯш гашт, аз афташ, аз ҳуш рафту боз ба худ омад, фиғон андохт, дод гуфт...
— Ба ман нигар, ҳа, канӣ ин су биё, — ӯ гиребони ҷомаи хунолуди Ноёбро дошт. Бо як силтав ӯро чанд қадам аз ҷояш, аз болои ҷавон ба дур афканд, боз ба пеш кашидаш, аз шиддати оташинӣ, қаҳру ғазаб буд.
ки Ноёб ба хаёлаш нокирой, хурд, сабук тофт. Мӯйсараш, дароз, болои китфон, болои чашмонаш афтода.
Ноёб аз лаҳзаи аввали ба зери чанги олим афтоданаш ҳис кард, ки ин одам дигар, ӯ ба монанди он ҷавон не, ба забардасти дасташ даст омада... Ба ӯ наздик шуда натавонист, дастони боқувват, тавоное. Умедаш ба кордаш, гирди ӯ мӯи ба оташ расида барин печ хӯрд, саросема шуд, ҳисоби кораш гум. Аз даҳонаш бӯи сигор, бӯи арақ, бӯи бад меомад. Дукат шуд ӯ, ба зону зад, нимхез шуд, боз муште ба баногӯшаш хӯрда ба болои ҷавони аз дасташ нимҷоншуда ғелид. Дашном дод, «Расул!» гуфт. Авбоши дуюм духтарро гузошта ба сӯи ӯ давид. Духтар ҳанӯз нола дошт, гӯё танҳо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор