Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
бемороне, ки вай онҳоро табобат кардааст... Ӯ аз таассуроти сафараш ба Америка ба онҳо ҳикоя кард.
Инчунин роҳу усулҳои нави табобати бемории саратонро ба ҳозирон мефаҳмонд...
Баъди анҷоми вохӯрӣ вайро ба хонааш гуселонидан хостанд. Атрофаш пур аз шогирдон, мухлисон... «Худам меравам, пиёда меравам, шаб салкин, ҳаво тоза...»
Аз онҳо ҷудо шуд.
Кӯтали назди бозори Баракатро фуромад. Насими рӯҳбахше меомад. Он аз сӯи дарё меомад, аз сӯи дарёчаи Душанбе, ки чанд қадам дуртар аз ӯ ҷорӣ буд. Осмони шаҳр ситоразор. Роҳгузаре ба чашм наметофт.
Гоҳ-гоҳе ягон-ягон мошинҳо мегузаранд. Чароғҳои рангубаранг, калон-калони пурҷило ба хиёбон нур медиҳанд. Дар як-ду соли охир ин хиёбон зеботар гашт.
Пули васею бошукӯҳи болои дарё ҳам, ки ҳоло чашм ба мавҷҳо аз он сӯ мегузарад, нав аст... Ҳо ана он қасри муҳташами консертист, ки чароғҳояш дурахшонтар ба назар мерасад. Шаҳрчаи канори рости дарё ҳам нав. Онро шаҳрчаи донишҷӯён мегӯянд, донишҷӯёни Университети давлатии ба номи Ленин дар ин биноҳои ба назар беҳисоб таҳсил мекунанд. Оре, Душанбеи ӯ, кӯчаю хиёбонҳои он ободу зеботар мешаванд...
Дарахторони назди кӯли Комсомол пеш омад. Аз поёнтар, аз миёни дарахтон садои хишир-хишир, гапзанӣ, баъд доду фарёд шунид. Овози духтар... Баландиро нишеб шуд, пештар давид. Чанд сурат, яке ба ҷавоне дарафтода. Дигаре духтареро ба бағал гирифта.
Ҷавон худро ба сӯи духтар андохтанӣ, духтар ҳам рӯ ба ҷониби ӯ. Аз афташ онҳо зану шавҳар ё дилдодагоне буданду ба дасти авбошҳо афтода. Духтар дасту по зада зорию илтиҷо мекард. «Назан ӯро, назан», додгӯён маҳбубаашро аз дасти авбоши дигар халос карданӣ буд. Ҷони худаш ба назараш наметофту дар ғами ҷони ӯ. Ҷавон низ ҳамон худро ба сӯи духтарак афкандаӣ. Духтаракро авбош ба ҷои хилвату ториктар мебурд.
— Ҳайвон, — муштҳои калон-калонаш гиреҳ хӯрданд.
Авбошҳо ӯро диданд.
— Ба роҳут брав, — гуфт яке.
— Ноёб?!
— Брав мегум.
— Ноёб? — Олим ба Ноёб будани ӯ бовар кард.
— Брав, таҳдид кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор