Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

бошад. Мо дар ягон шаҳру маҳалли бегона, ҷои дур не-ку!

Дилнавозу Меҳрангез паҳлу гаштанд, дандон хоиданд, якеаш ҳарфе ба забон овард... Завҷааш даруни ҷойхоб мӯҳри хомӯшӣ ба лаб бурду шавҳар пальтою телпакашро пӯшид, шарфашро гирди гардан печонд ва саросема аз дар баромад. Барф шувосзанон ба сару рӯяш мехӯрд, гиребони пальтояш сафед шуд. Барф бо авҷ меборид. Кӯча сар то охир сап-сафед, равшан, чароғҳои сари симчӯбҳои қатор беҳисоб, бисёр буданд. Як поғундаи зинапояро поён шуд. Дар рӯ ба рӯ ҳавлиҳои ҳамсояҳо... Дарвозаҳо руст, чароғҳо хомӯш. Мардум хоб рафтаанд. Осуда ором. Қош ҳамеша ҳамин тавр беташвиш, аз дарду ранҷ фориғ бошанд. Вале афсӯс, ки доимӣ нест ин осудагию сиҳатӣ, бардамӣ. Ҳоана, он дарвозаи сафедҷатоб ҳавлии Зоҳир-амак аст. Пирамард ранҷур, ҳамин рӯз ба хабаргирии ӯ рафт. Дарди сахти пою миён озораш медиҳад. Зоҳир-амакро ба беморхона — ба клиникаи худаш мебарад. Ба пирамард ваъда дод... Пагоҳ...

— Ғами ҳама дар дили шумо, — мегӯяд завҷааш ғами ӯро хӯрда. Ҳозир ҳам таъкид кард, ки дур наравад. Гӯё шавҳари вай ба одамон бадӣ карда бошад... Ба ҳама хубию нағзӣ мекунад...

Ӯ аз миёни роҳ мерафт. Дастонаш дар кисаҳои пальто, хаёлаш ба одамон, ба беморон, ба давоҷӯии онҳо... Садое шунид, зери қадами касе барф ғиҷиррос зад. Оянда ку? Аз кадом сӯ меояд? Сояи ду кас аз тангкӯчаи рӯ ба рӯ намоён гашт. Ба миёни роҳ омаданд.

— Амак, — овози якеро шунид.

— Лаббай.

— Чиба музтар шудӣ? Истодӣ?

— Хайр бигӯй, ки дар ин ғоти шаб куҷо меравӣ?

— Ҳеҷ ҷо.

— Оҳо, якрав ҳам ҳастӣ?

— Ман ба ҳеҷ ҷо равоңа нестам, ба ҳавои тоза баромадам.

Суроби ду нафар, боз якеи дигар ба онҳо ҳамроҳ шуд. Паси дару деворҳо суробҳо. Ҳамонҳоянд, аз ҷониби хонаи кампир меоянд. Агар воқеаи шаби гузашта ба сараш омадаро ба завҷааш мегуфт, ӯро намемонд, ки аз дар барояд. Ӯ бехабар, ҳамон ҷанҷол...

Дар толори Академияи фанҳо бо ӯ вохӯрӣ барпо гашта буд... Маҷлисгоҳи калон пур аз олимон, шогирдон,

пешина
аз 399
навбатӣ