Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
аз падару модар монда танҳо мезист рӯзҳо бо азоб асозанон ба паси дарвоза мебаромад. Чашмонаш нобино. Одамон аз кӯча, аз наздаш мегузаштанд. Ба ӯ салом надода... Ӯро ба якдигар нишон дода мегуфтанд: Одамкуш. Ҳамин тавр Шаҳбози одамкуш дар танҳои аз олам гузашт, аз афташ, хеле дер ҷон канд... Рӯзи дафнаш ҳам ба ҷои зикри хайр «одамкуш» мегуфтанд ӯро.
Ӯ фикру хаёли ба одамон, ба зиндагӣ банд шуда мондаашро ғун намуд. Хоначаи хурдакак — ҳуҷраи кориаш гармакак. Соати танаи девор тик-тик садо медод... Аз заб хеле гузашта қариб нисф шуда... Бақти ҳавохӯриаш расида... Дари хоначаашро тела дод. Чароғи лоларанги девор ба хонаи фарзандонаш хира-хира равшанӣ меафканд. Набераҳои ширину қанду асалаш паҳлуи модарашон хоб. Чун гурбачаҳо ҳалқа задаанд. Ба ӯ онҳо азизанд, ҷону ҷигарҳои бобоанд Дилнавозу Меҳрангез. Дилнавози хурдакак-ку, ба ақидаи модар, худаш зол. Гирди бобо мепеҷад, дасташу домони ӯ,— «бобо, бобоҷон»... мегӯяд, як бор не ҳазор бор, дар за Бонаш ҳамин суханҳо. Мӯйҳои мошу биринҷи ӯро ғоз медиҳад, рухсораҳояшро ба бари рӯи ӯ мениҳад, бобо бештар дӯсташ медорад... Имрӯз ӯ аз магазин лӯхтакчаи паҳмокмӯе овард, паси мизаш аст он. Пагоҳ ҳамин, ки «бобо, бобоҷон» гуфта дари ҳуҷраашро кушояд он ро ба ӯ медиҳад, шод мешавад вай... Ҳар боре вай аз сафарҳои Москваю шаҳрҳои дур ба набераҳош тӯҳфае орад, аз шодӣ онҳо ҷои шишт намеёбанд. Худаш ҳам шод мегардад. Пагоҳ лӯхтакашро ба Дилнавоз медиҳад...
Беихтиёр қадаме монд. Ҳамсараш ҳам хоб. Бедор нашавад. Мегӯянд, ки ҳамсари аҳли илму адаб будан осон не... Инро вай дарк кардааст. Шабҳо то саҳар ҳам, ки ӯ паси мизаш нишаста кор кунад, ба хаёлаш вай бедор. Ҳамин, ки дари ҳуҷраашро во намояд, «додош, ҳоло ҳам шиштаед?» мешунавад овози ӯро... Аммо ҳоло хайрият, ӯ бедор нашуд. Аз дар берун баромаданӣ буд, вале завҷааш чашм кушод, «додош, куҷо» пурсид.
— Ҳавохӯрӣ.
— Дар ҳамин хунукӣ? Дур наравед.
— Ҳеҷ гап намешавад.
— Шумо ҳамин хел мегӯед, асло ба гапи ман намедароед.
— Наход барои аз хона баромадан ҳам иҷозат лозим

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор