Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Дар ҷанг будааст ӯ, қаҳрамон... Барои хурду калони деҳа одами азиз, мӯътабар. Ҳама аз ӯ некӣ дида...
Пагоҳии хабари мудҳиш шунид: Муаллимро куштаанд. Бовар накард, ки чунин як одами нағзу ба ҳама меҳрубонро кушанд. Рост будааст. Шаҳбози авбош ин корро кардааст. Барои чӣ? Бо чӣ сабаб? Намедонистанд. Шаҳбозро ҳамон рӯз ба район бурданд. Солҳо дар қабсонаҳо хобид... Он ҷо низ боз чандин гуноҳҳо карда... Нону об, ҳавои маҳбас ба ӯ маъқул. «Дар он ҷо мо шоҳ», мегуфтааст. Ифтихорманд, ки чанд марди дигари бо ӯ сарпанҷа намерафта хизматаш мекардаанд. «Пойҳоямро мемоланд», таманно доштааст. Лекин то кай? Пирию афтодагӣ ба тани ҳар кас — ба тани одамкушу авбош ҳам меояд. Шаҳбоз оҳиста-оҳиста аз пайкол мемонад, пир шуда худ пойбӯсу поймоли зӯрманд маънӣ намешавад... «Коре шавад, ки дар озодӣ, берун аз ардом бимирам», — андешаи марг, андешаи аз хорию зорӣ раҳидан озораш медиҳад, зор-зор мегиряд...
Ӯ аз қабсона баромад. Дар ин мобайн падару модараш аз олам гузашта... Ҳамдеҳагон аз ӯ рӯ тофта... «Муаллимро ҳамин одам бо корд зада кушта буд», ба фарзандон кӣ будани ин марди бармаҳал пири фартут, пири бенуру намудшударо мефаҳмонданд... Шаҳбоз нафрати бепоёни халқ, шогирдони муаллимро пай мебурд. Аз назди онҳо, аз назди муҷассамаи барқади муаллим, ки ба ёдаш гузошта буданд, бо сари хам мегузашт...
Ана як даста тӯякиҳо... Пеш-пеши онҳо арӯсу домод гулҳо дар даст ба оромгоҳи муаллим наздик меоянд. Қотили муаллим ба муҷассамаи ӯ, ба арӯсу домоди ҷавон, ки пеши оромгоҳ бо нишони эҳтиром сар хам кардаанд, дида дӯхта наметавонист. Лаҳзаҳои девонавор бо корд ба ӯ ҳамла овардан, бехудӣ, аз худ бехабариҳояш, суханҳои пандомези муаллим, ки «ба худ биё, бача, ман ба ту ҳеҷ бадӣ накардаам, назан, дур шав»... мегуфтанд, ба хотираш омада даруни синааш оташ мегирифт, гӯшҳояшро бо кафи дастонаш мепӯшид.
Ӯ дар колхози ба номи муаллим мезист, маҳаллааш бо номи ӯ. Куҷое равад, номи неку зикри хайри муаллим. Муаллим гӯё ба ӯ мегуфтанд: «Ман зинда, ман дар ин ҷо»...
Агар ӯ — қотили муаллим мурад чӣ? Тобути ӯро кӣ ба гӯристон мебарад? Ӯ дар як ҳавлии калону бекаси

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо