Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

аз хона набаромада буд, дар пешаки худам хоб буд, туҳмат мекунанд. Шумо худатон ба онҳо гӯед, гӯед, ки Ноёб гуноҳ надорад, шуморо ҳамаашон мешиносанд, шумо одами бообрӯ, гапатонро мегиранд. Ёрдам расонед, муаллим, ман аз шумо миннатдорам, Ноёб ҳам аз шумо миннатдор аст. «Хоки пои муаллимро ба дидагонам мемолам, хизматашонро мекунам, ман аз он кас қарздор» мегӯяд, ёрӣ расонед, муаллим... Пиразан пеши ӯ дурӯғ мегуфт, мегирист...

Бо ин зан ӯ ҳамин ҷо, ҷое ки ҳоло авбошҳо сари роҳашро гирифтаанд, синос шуд, ҳар гоҳе аз ин ҷо гузарад, ба вай дучор меомад. «Салом муаллим», мешунид овози ӯро.

Боре ӯ бо вай гап андохт. Гуфт, ки шавҳараш бемори сахт. Аз роҳаш гашт.

Дарвозаи ҳавлии ӯ яктабақа, тахтаҳояш шикаста, ҷо-ҷояш бо тунука рӯбаст шуда. Пастакак, саратро ҳам карда аз он мегузарӣ ва бо ҳамин минвол берун меоӣ.
Саҳни ҳавлӣ танг, чун катаки мурғ, деворҳои похсагин бесархора, бенигоҳубин монда, ҷо-ҷо гашта... Рӯи ҳавлӣ лой, сангҳо чидаанд, кампир онҳоро сангпарак мегуфт. Лозим меояд, ки рӯ-рӯи онҳо ҷаста ба долон-ҷои қафшкашӣ гузарӣ. Дари хоначаи хурдакак ба долон кушода. Ҳамин кулбача манзил — сарпаноҳи кампир ва мӯйсафеди «бемори» ӯ. Рӯи хона гилемчаҳои кӯҳнаи дарида густурда шудаанд. Дар як бурҷ, назди тиреза кати оҳанине. Болои он пирамарде бемор хобидааст...

Ӯ ба сари болини бемор омад.
— Куҷотон дард мекунад, бобо? — пурсон шуд.
Дар ҷавоб пирамард табассум кард... Пиразан ҷавоб гуфт:
— Дарди бобо, муаллимҷон, дарди ман.
Хайрон шуд ӯ, даст ба сари бобо монд.
— Лозим не, муаллим, мӯйсафед дасти ӯро аз сараш дур кард.
— Барои чӣ?
— Мо дигар касал, муаллим, касали дидори фарзанд, шумо ба мо ёрӣ расонед, муаллимҷон,— пиру кампир баробар ба вай арз карданд.

Онҳо дар ҷавонӣ зиндагии хушу осуда доштаанд.
Ҳамаи касофатӣ дар айни пирӣ, баъди ба камол расидани фарзанди ягонаашон Ноёб, ки ӯро бо ҳазор орзую

пешина
аз 399
навбатӣ