Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ба хотир овард. Орденҳои пеши бари ӯро як-як ба ҳамдеҳагонаш нишон дод. Гуфт, ки як фарзанди содиқу бообрӯи Сабзазор аст ӯ... Баъд ба вай сухан дод, хоҳиш кард, ки дар бораи дуруст будани роҳи пешгирифтаи колхоз, ноҳия, дар масъалаи кӯчонидани сабзазориҳо чанд сухан гӯяд: «Ӯ одами бофаҳм, бофазилат, аз сиёсат бохабар...»
Бобои Сафарро раис бардор дода-бардор дода гӯё аз худ бехабар карда буд. Вай дар ҳолате, ки чӣ карданашро намедонист, аз ҷояш бархост. «Бобои Сафар ҳам розӣ шудааст, ки мардум кӯчанд? — ҳамдеҳагон ба ҷунбиш омаданд. — Ӯ фирефта шуд? Тағйир ёфт?» «На меравам, мурам ҳам, аз Сабзазор берун намешававам», гуфта гириста буд-ку! Ё фаромӯш кардааст? Пирамарди ҳардамхаёл, гаправ...
Бобои Сафар рост меистод.
— Ҳа, бобо, гӯед, ки оё мо ба мардум бадӣ мехоҳем, — раис ба ӯ луқма дод.
— Ҳаққи гапро гӯед, бобо, дар ин таркиши сангҳо гаштан ба ҳеҷ кадоматон фоида намебиёрад, аз шумоҳо ба давлат ҳам фоида намешавад. Аз колхоз дур, якрӯза роҳ, роҳбарон омада наметавонанд. Боз шумоҳо чароғи барқ мехоҳед, телефон, беморхона, духтур мегӯед. Мактаб созед, гуфта арз кардед, — гӯён як намоянда, вазифааш аз раис баланд, аз ноҳия ё марказ буд, ки тоқат карда натавониста, ӯро ба гап дароварданӣ шуд. Суханони ӯ ба раис, ки вай бо ҳазор азоб мардуми Сабзазорро андаке нарм карда ба роҳ меандохт, нафориданд...
— Миннат накунед, рафиқ, мактаб насозед, телефон набиёред, чароғи барқинаатон лозим не, моро аз ҷоямон беҷо накунед, шуд, ба ҳоламон монед...— боз мардум ба шӯр омаданд.
Бобои Сафар чизе нагуфта ба ҷояш нишаст. Раис ба гап сар кард, ба ақидаи бобо, ки боз ба золию қолӣ даромад... Бобои Сафарро намегузоштанд, аз паҳлуяш дур равад, бо мӯйсафедон ӯ боз сӯҳбат дошт...
— Хайрият шуд, аз рӯи хотири раис гузашта натавониста, намедонистам, ки бо мардум чӣ гӯям,— бобои Сафар ба гӯши Абдураҳими дароз пичиррос зад...
Се рӯзи дигар дар Сабзазор кӯчкашонӣ давом ёфт. Дар ҳамин се рӯз ҳам овози гиряи мардум аз кӯчаю ҳавлиҳо баланд, бо нолаю фиғон ба вертолётҳо медаромаданд. Дар ҳамин се рӯз бобои Сафар имрӯзпагоҳ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо