Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
гуфта ба раис ва намояндаҳо ваъда медод ва намедонист, ки онҳоро то кай фиреб диҳад. Онҳо бо- шанд, ба мисли ширеш ба ӯ часпида буданд. Дар за- Бонашон ҳамон суханҳое, ки ба ӯ намефориданд, безор буд аз ин гуна таърифҳои беҷо, бехуда. Вай одами «бо- фазилат, бообрӯ, иштирокчии ҷанг... Ӯ ба ҷои ба он- ҳо мадад расондан якравӣ дорад, розӣ намешавад, ха- лал мерасонад...» Вай дар ин се рӯз ҷои хобашро ди- гар карда буд... Кӯрпаю болишт, ашёҳои хонаашро якто намонда ба болохона, ба даруни алафҳо кашонд, шабҳо ӯ ҳамин ҷо мехуфт... Аз болохонаи вай тамоми ҳавлиҳо, хонаҳои Сабзазор намоён. Шабҳо назараш ба охирин чароғҳои фурӯзони ҳамдеҳагон меафтод. Он- ҳо кам монда буданд, баҳисоб, ҳавлиҳо торик. Шаби чорум танҳо аз се хона равшании чароғ намудор буд. Онҳо ҳам хомӯш мегарданд. Чароғҳои дар кадом асре дар ин гӯшаи кӯҳсор афрӯхтаи гузаштагон дигар дар намегирад.
Пагоҳ рӯзи сиёҳи бобои Сафар. Ҳама якҷоя ба да- ри хонаи ӯ меоянд, кӯчҳояшро мебароранд. Бо онҳо, ба раис чӣ гӯяд? «Не, ман намеравам, аз Сабзазор берун намеравам», — гуфта магал андозад? Чӣ тавр? Бӯ кадом рӯ? Кошки ҳамин Нуриддин пагоҳ наме- омад, вай бо дигарон чӣ гуфтанашро медонад. Онҳо ҳама одамони беғам, аз дарди сабзазориҳо бехабар. Парво надоранд. Онҳо ҳама дар хонаю ҳавлиҳои худ, дар ҷойҳое, ки хишти деворҳояшонро беҷо намекунанд. Ҳама ғамхори сабзазориҳо шудаанд... Қадом як оли- ми фалакзада гуфта будааст, ки Сабзазор, албатта, аз ҷояш мекуҷад. Тавба, замин мекуҷидааст, гӯё он одам бошад, ин хел гапҳоро акнун мешунавад. Як га- пи нав ҳам ёфтаанд: Болои Сабзазор тарма мефаро- мадааст. Тармаи кӯҳ куҷою Сабзазор куҷо? Ӯ аз наздик ҳам он тармаҳоро дидааст, дар пешашон чандин беро- ҳаҳо, ҷару чӯ, дарахтове, ки бо тарма пур намешаванд... Намояндаҳо одамонро тарсонданианд.... Бобои Сафар аз таги гап бохабар шудааст. Колхоз як олам замин мои навро корам кардааст, ба дашту пуштаҳо об ба- роварда пахта коридааст, барои Бешкент у Ёвон, Дан- ғара ҳам одам лозим. Харидори сабзазориҳо бисёр. Сабабаш ана ҳамин! Дигар баҳонаҳо бехудаанд, ҳа- мааш бофта.
Бобои Сафар аз ҳавлӣ набаромада буд, ки вертол- ётҳо болои Сабзазор пайдо шуданд, хӯрандаҳои ҷони

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо